Инак, ман боз дар сари мизи корӣ ба хотири кушодани гиреҳи ҷинояте майна об карда истодаам. Ин ҷиноят ҷинояти одӣ нест ва агар онро кушоем, аз ҳама беш дар он саҳми мўйсафеде ҳаст, ки қариб қоматаш заминбўс гашта. Беҳуда мардумон нагуфтаанд, ки “Бе пир марав, ки дар бимонӣ”... Не, модарҷон то кунун ман бо он мўйсафеди барнодил вонахӯрдаам, вале итминони комил дорам, ки агар якравии вай намешудааст, ки медонад рафти минбаъдаи ҳодисаи мазкур чӣ тавр сурат мегирифт.
Бори чандум буд, ки ҳуҷҷатҳои болои мизи кориам гузоштаро варақ задам ва дар интиҳо ҳама он коғазҳои паҳну парешонро гирд оварда ба як гўшаи миз гузошта, қоматамро рост намудам, то лаҳзае нафаси осуда бигирам.
Маҳз ҳамин як нафаси осуда мавҷи хаёлоти бандаро боз ба деҳа ба он мавзеи зебоманзари кўҳистони диёр бурд.
Он рўз ман аз хонаи аммаам баргаштаму беихтиёр шоҳиди суҳбати модарам ва писарбачаи панҷсолаам Абдумаҷид шудам. Дурусттараш Абдумаҷид аз бибиаш хоҳиш мекард, ки ба ў афсона гўяд.
-Афсонаро дар шаб мегўянд, на дар рўзи равшан,- эътироз намуд модарам, ки ҳатто омадани бандаро нафаҳмид.
-Не, ба ман ҳозир афсона гўед, - бо исрор талаб мекард Абдумаҷид.
-Бачаи якрав будаӣ, - гуфт модарам ва бо як каломи ширине лаб ба сухан кушода:
-Буд-набуд...
-Боз чӣ лаҳзае хомӯш гаштани бибиашро дида пурсид шунавандаи хурдсол.
-Дар як коса шир буд, дар як коса дўғ буд.
-Боз чӣ?
-Гапи духтар ширин буд, гапи кампир дурўғ буд...
-Не, не, гапи шумо дурўғ не, - эътироз намуд Абдумаҷид.
-Иншооллоҳ баъди даҳ-дувоздаҳ сол аз ин фикрат мегардӣ.
-Намегардам, гапи мард якто, - худситоӣ мекард мағзи донаки бибӣ.
-Мегардӣ...





