Ронанда сари чанбарак беҳаракат буд. Ҳамин як нигоҳ басанда буд, ки собиқ корманди милиса таваҷҷуҳи атрофиёнро бедор намояд.
-Ёрӣ диҳед! - Қариб бо тамоми овоз дод зад Намоз Хаёл ва аввалин шуда ронандаи автомашинаи ВАЗ-2107, ки аз қафои автомашинаи чун ҳайкал истода, дар сафи чоруми қатори дуюм ҷой гирифта буд, ҷой нишасти хешро хунук намудаву берун омад.
-Чӣ гап шудааст? - пурсид ронандаи ВАЗ-2107.
-Намедонам, ин ронанда беҳушу беёд аст сари чанбарак.
Нафари ба ёрии мўйсафед баромада, ба тарафи ў ҳаракат намуда, бархилофи мўйсафед баръакс ба ронанда ёрӣ додан хост, вале дар ҳоле, ки автомашинаҳои дар қафои онҳо ист намуда, бо садои дилхарошу огоҳкунандаи хеш ў ва соҳиби автомашинаи “Тайота Ленд Крузер” - ро барои дар шоҳроҳ монеа эҷод намуданашон мазаммат менамуданд, сар бардошта гуфт:
-Дигар эшон ба ёрие эҳтиёҷ надорад.
-Чӣ хел эҳтиёҷ надорад? - ҳайрон шуда пурсид мўйсафед.
-Вай кайҳо ҷон ба ҷонофарин супоридааст.
-Бовар намекунам, охир ҳамагӣ чор ё панҷ дақиқа пеш автомашина аз рў ба рўйӣ мо ана дар ҳамон истгоҳ (мўйсафед бо дасташ ба самти истгоҳ ишора кард) истода будем, гузашта ин ҷо таваққуф намуд ва, ба фикрам, як бонуи қашанге низ аз дохили ҳамин автомашина берун омада, ана ба ҳамон тараф (мўйсафед дубора бо ишораи даст самти ҳаракати он бонуро нишон дод) рафт.
-Акунун инашро ба милиса мегўед, - гўён ронанда тариқи телефони мобилиаш аз рафти ҳодиса ба милиса хабар дод.
...2...
Сағирдашт дар паси қуллаҳои сар ба афлок монд, вале ҳодисаи ин сафар ҳеҷ аз ёди ман зудуда нашуд, ки нашуд.
Тайи ин ду шабонарўзи охир, ки мо аз манзили бобоӣ баромада будем, ман чандин маротиба суҳбати ҷигарбанди хурдсолам Абдумаҷид ва модарамро ба ёд овардам.
Эҳ модар, модар, чӣ хел бузурги ту!





