ДУХТАРЕ БО
ВАШМИ
ГУЛИ ЛОЛА
Қисса
Сараввал шамол истод, шамоле, ки ба пиндори мўйсафед Намоз Хаёл гулдурросаш чун тӯфони аз биёбон бархеставу реги соҳилҳои хушкшудаи баҳри Аралро ба осмон бардошта, бо суръати баланди хеш бо файзи худовандӣ, борон омехта шуда, чашму абрўи роҳгузаронро палмосидаву онҳоро ба таваққуфи яклаҳзаина маҷбур намуда.
Исти шамол шиддати боронро ҳам паст кард ва қисме аз мардуми дар истгоҳ буда, ки шояд аз рўйи ночорӣ сари хешро аз борон паноҳ бурдаву лаҳзае ҳам бошад, бо навои дилхароши табиат, ки овози мусиқии ноҷӯрро ба ёд меовард, гўш дода буданд, дар талоши кору бори то кунун ба сомон нарасондаашон ба тарафи гузаргоҳ ҳаракат намуданд.
Дар сари гузаргоҳ мўйсафед Намоз Хаёлро боз таваққуф намудан пеш омад, чунки чароғаки роҳнамо дар самти ҳаракати нақлиёт сабз шуд. Нафароне, ки дар сари чанбараки автомашинаҳо нишаста буданд, газро пахш намудаву аз пайи зиндагию рўзгори хеш рафтанд, вале ин амали огоҳкунандаи чароғаки роҳнамо ин дафъа ҳам таваҷҷуҳи ронандаи автомашинаи “Тайота Ленд Крузер”-ро, ки дар сафи сеюми қатори дуюми роҳ тахминан се дақиқа пеш таваққуф намуда буд, бедор накард. Дар замоне, ки ҳанўз нақлиёт гузаргоҳро убур мекард, мавҷи хаёлоти мўйсафеди дар сари гузаргоҳ буда, каме лаппиш хӯрд ва ў ба ёд овард, ки аз дохили ҳамин автомашина бонуи қашанге берун омадаву ба самти шимол ҳаракат намуда буд.
Шояд вай бону аз дигар автомашина берун омада буд, нидо омад аз қалбаш.
-Ба ростӣ, худам ҳам намедонам, вале гумон мекунам, ки ҷавонзан аз ҳамин автомашинаи байни роҳ чун ҳайкал сокит истода, берун омад.
Чароғаки роҳнамо боз дар самти ҳаракати нақлиёт сурх шуд ва чобуксаворонро лозим омад, ки дилу бедилон пой ба тормоз баранд. Аз ин фурсати муносиб истифода бурда, кулли нафарони дар сари гузаргоҳ буда, ба ҷуз як тан ба самти муқобили роҳ ҳаракат намуданд.
Намоз Хаёл сари дуроҳа лаҳзае дудила истод ва сипас ба тарафи он автомашинае, ки ҳанўз дар байни нақлиёти дар атрофаш ба хотири гузаштани гузаргоҳ муваққатан таваққуф намуда буданд, як сару гардан боло меистод, ҳаракат намуд.





