Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 5

Саҳифаи 252 аз 499 · 2 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 252 аз 499 · 2 ноябри 2026

Иброҳими Нозим (дуздро чунин ному насаб будааст) иқрор шуд, ки ҳодисаи рухдодаро инкор намекунад ва дар нишондодаш оварда, ки пиёдагарди сархуш ногаҳон рўйи роҳ баромадааст. Шояд барои муфаттиши ШКД –и ноҳияи Фирдавсӣ ҳаминаш кифоя буд, ки парвандаи ҷиноиро оиди ҳолати мазкур бо “Фикри айбдорӣ” ба суд фиристад...
Ному насаби нафаре, ки замоне дар кушодани сомонаи бонкӣ гунаҳкор дониста шуда, дар атрофи ҳаракатҳои ғайриқонуниаш чӣ шӯру валвалае бархоста буд ва милиса гуноҳашро собит карда натавонист, ин дафъа қариб бе овоз аз сархати ҳодисаҳои криминалӣ дур шуд...
Прокуратураи ноҳияи Гулистон парвандаи ҷиноятиро дар нисбати ронандаи автомашинаи “Опел-Астра” Абубакри Ҳусейн, ки замоне фалокати автомобилии ба сари Усмон Башир омадаро ба дўш гирифтан хост, дар асоси дигар шудани ҳолатҳои кор, ки дар рафти тафтишотӣ пешакӣ рўӣ саҳна омаданд, дар истеҳсолот қатъ намуд.
Ҳангоми пурсиш Салим Қурбон дар нишондодаш оварда, ки рўзи 01. 05. соати 18 бо даъвати Наргиси Зиёдулло ман ба маҳалаи 101-ум рафтам. Ҳангоми убур намудани роҳ чашмам ба Парвина бархӯрд. Чун аз ҳодисаи ба сари шавҳараш омада огоҳӣ доштам, аз рўӣ қарзи инсонӣ худро нодида гирифта, гузашта рафта натавонистам ва чанд қадам ба тарафи вай гузошта, ҳамдардии хешро баён намудам.
Сипас ба ҷой вохӯрии таъиннамудаи Наргис рафтам, вале ў наомад...
Чун он аксҳоро Фотеҳ Қамар ба Ҷомии Шариф дода буд, мо ба хулосае омадем, ки ба объектив афтодани Парвина ва Салим кори дасти Наргис аст. Рост гуфтаанд, ки бо моҳ шинӣ моҳ шавӣ, бо дег шинӣ сиёҳ... Наргис низ дар ин ҷода аз Ҷамилаи Худоёр бисёр чизҳоро омӯхта буд... Соле пас Наргисро дар боғи маркази ҳамроҳи нафаре дидам. Ў дар оғӯшаш тифле дошт. Маро дида нафари ҳамроҳаш бударо чун шавҳар муаррифӣ намуд. Марди ҳамроҳи ў буда ҳамон нафаре буд, ки баъди ду шабонарўзи интизорӣ дар як субҳи содиқ ману Ҷомии Шариф онҳоро дастҳо ба гардани якдигар дида будем...

Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 5

499 саҳифа

Аз аввал хондан