Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 5

Саҳифаи 251 аз 499 · 2 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 251 аз 499 · 2 ноябри 2026

-Чаро мо дар хонаи шумо ҳатто дастхате аз рўзгори шавҳаратон наёфтем?
-Дастхатҳо зиёд буданд, вале баъди ҳодисаи рухдода ман имкони онҳоро хондан ва таҳлил намудан надоштам, аз ҳамин лиҳоз ба хотири ҳифзи махфияти зиндагӣ онҳоро оташ задам.
Ба дерии вақт нигоҳ накарда, мо аз прокуратура ба он қасри кошӣ рафтем. Тайи ин муддат кормандони хоҷагии манзилӣ коммуналӣ роҳро мумфарш намуда, ба истифода дода буданд. Автомашина моро то пеши он қасри зебо, ки акнун гаҳвораи бе тифлро ба ёд меовард, расонд. Бори охирин ҳам бошад, Парвина Қамар дарвозаро кушод ва мо ҳама якҷоя вориди ҳавлӣ шудем...
Гумонбаршуда ҷой пинҳон намудаи таппончаро ихтиёран нишон дод.
Дар иштироки шахсони холис аз паси қуттии пайвасткунандаи барқ, дар ошёнаи якуми бино, ки дар намуд гӯё ба системаи шабакаҳои барқӣ пайваст буд, мо таппончаи тамғаи Макаров ХН 5376-ро ёфта гирифтем. Баъдтар ташхиси биологӣ муайян намуд, ки тири аз ҷасади мақтул Солеҳ Қамар бурун овардашуда аз ҳамин яроқ паронида шудааст. Муфаттиши прокуратура ба протоколи боздошти ашрофизани бевамонда имзо гузошта, ўро ба боздоштгоҳи муваққатии милиса фиристод...

Э П И Л О Г
Моҳе пас дар ноҳияи Бӯстон нафареро бо ҷурми дуздӣ дастгир намуданд. Ҳангоми гузаронидани ташхиси дактилоскопӣ маълум шуд, ки дастгиршуда дар автомашинаи ВАЗ – 2105 рақами давлатиаш Б 81 – 17 01 РТ низ изи ангуштони хеш ба ёдгор монда...
Чун автомашинаи мазкур сабаби ба ҳалокат расидани пиёдагард Усмон Башир гардида буд, кормандони ШКД- и ноҳияи Фирдавсӣ дузди дар обмӯрӣ ба даст афтидаро хеле афшониданд.

Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 5

499 саҳифа

Аз аввал хондан