Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 5

Саҳифаи 250 аз 499 · 2 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 250 аз 499 · 2 ноябри 2026

-Дигар, кӣ медонад, кадоме аз шумо аввалин шуда оинҳои оиладориро пеши по задед? - гуфт Ҷомии Шариф.
-Гуфтам - ку, Солеҳ.
-Дар вақте, ки шоҳид нест, гузаронидани андешаҳои мухталиф душворие надорад, - паст наомада гуфт муаллифи “Ҷадвали тақдир”.
-Ў хиёнат кард ва ман низ подоши он хиёнатро додам, боз чияш нофаҳмо.
-Бо иҷозаи шумо, - гӯён ваколатдори кофтукови ҷиноятӣ аз ҷузвдони дар пешаш буда аксеро бароварда, назди Парвина Қамар гузошта, шарҳи онро талаб кард.
Ин ҳамон аксе буд, ки Парвина Қамар баъди се – чор рўзи марги шавҳар дар либоси мотам, зери маҷнунбеде ҳамроҳи ҷавони паҳлавонсурате ба нигоҳи объектив афтода...
-Ин вохӯрӣ ниҳоят тасодуфӣ рух дод. Ба ростӣ, пеш аз ин ҳам дар замони зиндагии якҷояи ман бо Солеҳ чанд маротиба Салим аз сари роҳам баромада, худро сафед намудаву риштаи дӯстиамонро пайвастан хост, вале ман ўро ҳушдор сохтам, ки ин пахтаи ғафлатро аз гӯшаш канад, чунки кўр ҳам танҳо як маротиба асояшро гум мекунад. Ба ў ҳамон вақт фаҳмонда додам, ки шавҳари меҳрубону хонаи обод дорам ва ҳатто хушбахт аз онам, ки тақдир риштаи муҳаббати қалби маро бо чунин як инсони нексиришт пайваст ва дигар ў аз пайи ман нашавад... Он рўз бошад, ман аз мағоза баргаштам ва ногаҳон Салим аз пешам баромад. Ў аслан нисбати ҳодисаи ба сари ман омада изҳори тасаллият намуда аз даргоҳи Оллоҳ таолло бароям сабри ҷамил орзу намуд.
Вохӯрӣ ниҳоят тасодуфӣ буд ва ҳамааш шуда, мо як – ду дақиқа сари суҳбати кӯтоҳ қарор доштем ва ман намедонам дар он вохӯрии кӯтоҳи сарироҳӣ чӣ тавр ба объектив афтодаам. Гумон мекунам, дар ин акс ҳам мақсаду мароми ба навор гиранда чун нимкосаи зери коса норӯшан мемонад.
Хуб мешуд, дар ин бора аз худи Салим Қурбон мепурсидед.
Новобаста аз ҳама гуноҳҳои содир намудаам, ман дар ҳама ҳолат мақоми хешро дар ҷамъият хуб дарк менамудам ва маҳз ҳамин ҳолат намегузошт, ки ман хиёнатро дида, аз он чашм пӯшам... Ман номи Салим Қурбонро кайҳо аз мақоми пештарааш дар саҳфаи дилам хат задам ва агар чанд боре тасодуфан бо вай рў ба рў омадаву сарироҳӣ суҳбати кӯтоҳе дошта бошам ҳам, танҳо ба хотири мақоми кунунии хеш лаҳзае таваққуф намудаву ба суолҳояш посух гуфтам, то ў бифаҳмад, ки аз беақлии хеш чӣ дурдонаеро аз даст додааст...

Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 5

499 саҳифа

Аз аввал хондан