Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 5

Саҳифаи 249 аз 499 · 2 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 249 аз 499 · 2 ноябри 2026

-Ҳама кисаҳояш ва сумкаашро низ такурў намудам, вале дигар аксеро пайдо накардам.
Чун мо орому сокит вориди осоишгоҳ шуда тавонем, дигар метавонӣ дар қиссааш набошӣ, вале аз хотир набарор, ки фардо субҳ моро бояд маъмурзан гусел намояд.
-Пас чаро Усмон Башир барои тасдиқи алибии шумо наомад ва нисбати ҳодисаи ба сари ў омада чӣ гуфта метавонед?
-Чӣ хеле гуфтам, баъди бозгашт аз осоишгоҳ ман дигар ўро надидам. Ман чӣ тариқи телефони асоси ва чӣ телефони эҳтиёти ба у занг задам, вале бе натиҷа. Гумон намудам, ки аз ҳодисаи рухдода тарсид ва аз рўӣ мақоли халқӣ “аз девори каҷ ҳазар” амал намуда аз ман дурӣ ҷуст... Ин ҳама танҳо андеша аст, андешае, ки ба он дигар посӯх гуфтан ғайриимкон аст. Ҳодисаи ба сари ў омадаро ман бисёр ба дил наздик қабул намудам, чунки дӯсташ медоштам. Марги Усмон бароям аз марги шавҳар гаронтар афтод ва агар мотам гирифта бошам ҳам, танҳо ба хотири рўҳи ў мотам гирифта сияҳпӯш гаштам. Боварам намеояд, чӣ тавр нафаре, ки тамоми умр ҷуръаи майро ба лаб набурда, дар ҳолати мастӣ дар ними шаб, дар замоне, ки дар кӯча мошинҳо қариб ангуштшуморанд, ба зери чархи мошин афтидааст...
-Магар ҳамин аст баҳои меҳрубониҳои нафаре, ки шуморо аз мавҷи пуртуғёни рўди пурталотум бурун овард ва ба хотири шумо шуда аз ҳамсару фарзандонаш ҷудо шуда, аз рўӣ муҳаббат шуморо маликаи қалби хеш ва он “Тоҷмаҳал” намуд?
-Хиёнатро аввал на ман, балки худи ў дар нисбати ҳамин маликаи гуфтаатон анҷом дод. Вақте ки ман вайро ҳамроҳи Наргис дар бистари хобамон дидам, дунё дар назарам тира шуд. Рафтори нопоки шавҳар ва суханони сермурчу қаланфури ҳамхобаи беҳаёяш бандаро ором нагузошт, ки нагузошт ва ду рўз пас аз он ҳодиса ман тавонистам ёварашро ба хеш наздик созам. Шумо худ огоҳед, ки дар синну сол байни мо чӣ фарқияте буд ва ў дар нисбати ман боз аввалин шуда хиёнатро раво дид... Ҳар кӣ ҳосили кишти хеш мегирад ва он чӣ ки ман ба вай хиёнат намудам, ин подоши хиёнатҳои худи ў буд..

Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 5

499 саҳифа

Аз аввал хондан