Муфаттиш аз сабуи булӯрин ба пиёлае об рехта, назди мусоҳибаш гузошт. Сухангӯ пиёларо ба даст гирифта, қариб бемадорона онро ба лаб бурд...
Баъди хомӯшии начандон тӯлоние Фурўғи Шариф боз риштаи суханро ба даст гирифта гуфт:
- Агар ба хотир овардани рафти ҳодисаҳо бароятон мушкил шуда бошад, мо метавонем то субҳи фардо танаффус эълон намоем.
-Ба таъхир андохтани пурсиш дагар маъние надорад ва беҳтар мешуд лар ҳамин ҷо сари ин масъала нуқта мегузоштем.
-Мо донистан мехостем, ки таппонча дар куҷост?
-Ман онро дар ҳамон ҷой аввалааш пинҳон намудам.
-Ҷои аввалааш дар куҷост?
-Дар ошёнаи якуми бино, дар паси қуттии пайвасткунандаи барқ. Дар назар чунин менамояд, ки қуттӣ ба хати барқӣ маҳкам карда шудааст, вале дар асл чунин нест, системаи барқӣ аз тарафи муқобил дар беруни бино ба қуттии дигар пайваст карда шудааст.
-Баъди ҳодиса чӣ тавр ва кай ба осоишгоҳ баргаштед?
-Соатҳои сеи шаби 27 апрел. Дар он лаҳзаҳо касе дар саҳни осоишгоҳ набуд ва мо тариқи сӯрохии девори қисми ҷанубӣ бе ягон монеа вориди он ҷо шудем.
-То он лаҳзаҳо дар куҷо будед?
-Баъди ҳодисаи рухдода соати яки шаб тариқи симкорти эҳтиётӣ ман ба Усмон занг задам. Ў ҳам телефонашро ба мавҷи симкорти эҳтиётӣ пайваст намуда буд. Ман бо овози ларзон вохӯрии таъҷилиро талаб намудам. Баъди ним соат мо дар гардиши фурудгоҳ вохӯрдем ва банда ҳодисаи ба сарам омадаро нақл намуда, аз ў мадад хостам.
-Пурсид, ки оё изи ангуштонамро аз таппонча пок намудам?
-Гуфтам, бале.
-Аксҳоро гирифтӣ? - боз пурсид Усмон.
-Ман аз сумкачаи дар китфам буда ҳамаи аксҳоро бароварда ба дасташ додам.
-Дар дасти вай боз ягон акси дигар намондааст? - боз суол намуд нафаре, ки шавҳарам мехост сари як тираш кунад.

Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 5Аз аввал хондан




