Ман аз тарс чӣ гуфтанамро намедонистам. Ҳамин хомӯшии ман ғазаби вайро дучанд кард, ки кашидаю кушода, боз ба баногӯшам як мушт фаровард. Аз тарс дандон зери лаб гирифтам, то боз ғазабашро дучанд накунам, вале ин амалам ҳам, боиси андешаи шавҳар нашуд.
-Ту фоҳиша, ба ман бигӯ, ки сабти овозат ҳам монтаж аст? - пурсид ў, вале ман хомӯш будаму хомӯш... Ба худ суол медодам, ки чӣ тавр ин суҳбати маҳрамона аз он хилватгоҳи хомӯши осоишгоҳ бурун омада бошад, вале на он шаб ва на рўзу шабҳои дигар ба ин суол посух наёфтам. Ҳангоме ки ман ба ин суол посух меҷустам, Солеҳ боз маро ба зери мушту лагад гирифт. Аз тарси он ки осори дастони “варзишгар” дар рўям намонад, ман худро ба фарш партофта, сарамро байни дастонам гирифтам...
Ин ҳамааш дарди ба хайр буд агар...
-Агар чӣ? - пурсидам ман.
-Агар ў бандаро лафз намебурд.12 Чун ин калимаро ў ба забон овард, дунё дар назарам торик шуд, пеши чашмонамро сиёҳӣ пахш кард...
Баъди ин суханаш ў дигар ба ман даст нарасонида гуфт: - Ба ту панҷ дақиқа вақт, либосҳоятро гиру аз пеши чашмам дафъ шав! Роҳи ин хонаро аз ҳамин лаҳза эътиборан фаромӯш намо. Ба вай сагбачаи кӯрнамак ҳам гўй, ки ба чашмам нанамояд, вагарна сари як тираш мекунам...
“Сари як тираш мекунам,”- гуфтани акнун собиқ шавҳар баробари он шуд, ки ба даҳони шахси мурдаистода калимаи шаҳодат арза медорӣ ва ман ба хотири он ҳама “меҳрубониҳои” вай бо азобе аз ҷой бархестам . Солеҳ дар он лаҳзаҳо дар курсии мулоиме, ки пушт ба тарафи ман менишаст, сари андешаҳои хеш буд...
Ҳамин як сухан (се талоқ дар назар аст ) сабаб шуду ман аз зери бистар таппончаи пинҳон намудаамро гирифта муҳофизашро оҳиста ба поён зер намуда, аз масофаи ду - се метр, дар замоне, ки Солеҳ ҳанӯз сари андешаҳои бесару нӯги хеш шино дошт, қулангро зер намудам...
12 Талоқ – ба таври мусулмонӣ.





