Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 5

Саҳифаи 246 аз 499 · 2 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 246 аз 499 · 2 ноябри 2026

Сенздаҳ дақиқаашро ҳам мепартоем. Чун мо дар ин ҷо тамоми қоидаҳои бехатариро риоя намудем ва ба ҷуз Ҷамила касе аз саргузашти бофтаи мо огоҳӣ надорад, бояд тарзе рафтор намоем, ки дар лаҳзаи зарурӣ ў худ гувоҳӣ диҳад, ки шаб мо дар осоишгоҳ будем.
-Инаш барои чӣ?
-Зиндагӣ пасту баландиҳои худро дорад ва кӣ медонад дар сари шавҳари девонаи ту чӣ фикру хаёлест...
Баъди машварати на чандон тӯлонӣ Усмон аз пай ёфтани автомашина рафт ва дар лаҳзаҳое, ки бояд тайёра ба замин мефаромад, ман ба назди Ҷамила рафтам. Хоҳиш намудам фардо субҳ соати шаш биёяд чунки моро рафтанамон лозим.
Ў ваъда дод, ки ҳатман меояд. Соати 2155 дақиқа ману Усмон аз қисми ҷанубии осоишгоҳ аз сӯрохие берун баромадем ва ба як автомашинаи тамғаи “Опел,” ки моро интизори дошт, нишастем... Дар маҳалаи километри 7-ум аз он автомашина фаромадем ва баъди як дақиқаи дигар ба таксии дигаре нишастем. Соати 2253 дақиқа ман аллакай дар пеши дарвозаи хона будам. Усмон аз таксӣ нафаромад, вале ман дастури додаи ўро дар дафтари хотиротам ба тамом сабт намудам.
-Он чӣ дастуре буд?
-Усмон гуфт, ки барои эҳтиёт хуб мешуд, таппончаи шавҳарамро (дар куҷо буданашро ҳам гуфт) мегирифтаму муваққатан дар ягон ҷой дигар пинҳон менамудам, вале баъди гирифтани таппонча ман онро бурда, зери бистари хоб гузошта, тағйири либос намуда, ҷисми ба қавле “абгори” хешро ба бистар гирифтам... Баъди бист – бисту панҷ дақиқаи дигар Солеҳ омад ва чун маро дар бистари хоб дид, аз гесӯвонам гирифта бардошту ба рўям торсакии обдоре фароварда, чӣ носазоҳое гуфт ва сипас чанд расми урёни маро аз ҷайбаш бароварда нишон дода гуфт: - Сад афсӯс ки пеш аз ту лаънатиро ба қайди никоҳ даровардан андеша накардам, ки “гургро чӣ қадар парвариш накунед, ўро нигоҳ ба беша аст...” Эътироз намудам, ки аксҳо ҳамааш монтажанд ва беҳуда аз ман гумонбар шудааст.
Сипас, ў сабти овози маро тариқи телефонаш баланд карда пурсид, ки мешунавӣ?

Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 5

499 саҳифа

Аз аввал хондан