умед барафрӯхтан дошт, вале аз шунидани ин хабар ман шод нашудам, баръакс, дилам фишурда шуд...
Ман боз суханони Настяхоларо, ки Солеҳ дар нисбаташ эҳтироми беандоза дошт, ба ёд овардам: “Ин субҳ баъди як занги телефонӣ авзояш тамоман беҷо шуд ва бо чӣ азобҳое чиптаро иваз намуд”...
Он чӣ занг буд, ман нафаҳмидам, вале дилам гувоҳӣ медод, ки ташрифи нобаҳангоми шавҳар оқибати нек надорад...
-Шояд дар ин ҷо будани моро касе медонад? - пурсид Усмон.
-Аввалаш ин ки ман дар ин ҷо ягон нафари шиносро надидам, дуюм он ки то ҳадде имкон дошт мо аз нигоҳи бадхоҳон худро канор гирифтем.
-Ҷамилабонуро ҳам аз хотир набарор, - таъкид намуд Усмон
-Мо дасти вайро сафед намудем, магар ин кам аст?
-Худат хубтар медонӣ.
-Ман гумон мекунам, манбаи ахбор дар дигар ҷост.
-Ҳоло вақти баҳс нест ва беҳтар мешуд худат фикри ба хона баргаштанатро мекардӣ.
-Ту намеравӣ?
-Ман туро то шаҳр мебарам, вале ба хонаат рафта наметавонам.
-Набошад, рафтем.
-Ин хел намешавад, ман инро аз таҷрибаи рўзгор мегӯям.
-Пас чӣ хел мешавад?
-Мо аз ин ҷо бояд тарзе бароем, ки касе огоҳ нагардад, хусусан Ҷамила.
-Охир тайёра соате пас фуруд меояд.
-Дуруст, вале то ба перон баромадани мусофирон на камтар аз ним соат вақт даркор, боз ним соат вақти дигар лозим, ки шавҳарат бағоҷи овардаашро гирад ва боз қариб ҳамин қадар вақт дар роҳ аз фурӯдгоҳ то хона, акнун бигӯ соат чанд мешавад?
-Соат 2308 – 2313 - баъди каме майна об намудан гуфтам ман.





