Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 5

Саҳифаи 244 аз 499 · 2 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 244 аз 499 · 2 ноябри 2026

-Парвинҷон, духтарам, тинҷӣ ҳаст? - пӯрсид Настяхола.
-Тинҷист, - ўро ором намуда гуфтам ман ва боз аз ҳолу аҳволи Солеҳ пурсон шудам.
-Солеҳ Қамарович фардо дар нимаи дуюми рўз бояд ба Душанбе мерафт, вале ин субҳ баъди як занги телефонӣ авзояш тамоман беҷо шуд ва бо чӣ азобҳое чиптаашро иваз намуд. Соате пеш ў аз “Толмачёво”11 занг зада хабар дод, ки тафтиши сарҳадию гумрукиро гузашт ва нияти ба тайёра нишастан дорад. Ҳар қадар кунҷковӣ кардам рози дилашро нафаҳмидам ва хавотир шуда, ба худат занг задам. Ҳа дар - воқеъ, рақами телефонатро чанд моҳ пештар ў худаш навишта, ба дастам дода буд ва баъди аз фурудгоҳ занг задани шавҳарат бо азобе онро ёфтам. Худоро шукр, ки ҳама тинҷӣ будааст. Шавҳарат омад, бигӯ занг занад, ин чӣ гап, ки ў моро хавотир карду рафт...
Аз шунидани суханони Анастасия Алексеевна ман қариб худро гум кардам. Мисли оне, ки як сатил оби хунук ба сарат рехта бошанд, саропо вуҷудамро ларза фаро гирифт. Чӣ тавр аз ҳуҷра баромадану ба саҳни ҳавлии осоишгоҳ рафтанро худам ҳам нафаҳмидам. Чун мардони зиёде он ҷо буданд, ман ҳатто натавонистам ба Усмон наздик шавам, вале кӯшиш намудам, аз дур ҳам бошад, ў маро бубинад. Чун нигоҳи ў бо нигоҳам бархӯрд, аз рӯйи рамзи эҳтиётӣ, ки ҳардуямон барои чунин лаҳзаҳо коркард намуда будем, ман кокулони дар тахтапуштам бударо ба даст гирифта, болои қафаси синаам аз тарафи чап дошта истода, ба тарафи бино ҳаракат намудам.
Баъди панҷ дақиқа Усмон вориди ҳуҷраи ман шуда, сабаби бонги хатар бардоштанам ва даъвати таъҷилии бандаро пурсон шуд. Ман ўро аз рафти ҳодисае, ки оқибаташ ноаён буд, огоҳ намудам. Усмон ҳамон лаҳза ба шуъбаи маълумотдиҳии фурӯдгоҳ занг зада, дар бораи тайёрае, ки рақибашро меовард, пурсон шуд.
-Фурудоии тайёраи мазкур соати 2148 дақиқа дар назар аст, - шунидам ман овози маҳини занонаеро, ки нияти дар дили нафарони ба парвози ин хатсайр таваҷҷуҳ дошта шуълаи

11 Фурудгоҳ дар Новосибирск.

Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 5

499 саҳифа

Аз аввал хондан