-Кай?
-Ҳамон шаби 26 ба 27 апрел.
-Дар нишондоди аввалаатон омадааст, ки он шаб дар осоишгоҳи “Оби Гарм” будед.
-Ҳа гуфта будам, вале он ҳама бофтаи хаёлотам буд, чунки аз ҷазо гурехтан мехостам. Шояд каме об диҳед.
Муфаттиш даст ба чойники дар як гӯшаи мизаш гузошта бурд, вале мусоҳиби вай дигарбора гулӯ рўшан намуда, оби хунук талаб кард.
-Ҳозир об меорам, - гӯён Ҷомии Шариф сабуи шишагинеро, ки паҳлуи он чойники гулдор меистод, гирифта аз дар баромад. Дар фазои дафтари кории муфаттиш дигарбора хомӯшӣ ҳукумфармо гашт...
Чун обро оварданд, гумонбаршуда як пиёлаеро нӯши ҷон намуда, сипас риштаи суханро боз ба даст гирифт.
-Он рўз чун ҳама рўзҳои пешин баъди наҳории шом ман дар ҳуҷраи осоишгоҳ истироҳат доштам. Таъбам чандон болида набуд, чунки ин охирин шаби якҷоя будани ману Усмон дар осоишгоҳ буд. Субҳи рўзи фардо ё худ 27 апрел бошад, ман бояд ба хона бармегаштам ва ҳамаи инро сабаб бозгашти шавҳар буд. Дар ин бора се рўз пеш Солеҳ тариқи телефон маро огоҳ намуда буд. Дигар чунин имконияти бо Усмон вохӯрдан кай фаро мерасид, намедонистам. Мехостам он шаб ҳам чун ҳама шабҳои гузашта бароям хотирмон бошад ва чун Усмон он лаҳзаҳо дар берун ҳамроҳи дигар истироҳаткунандагон машғули шоҳмотбозӣ буд, ман хостам каме ҳам бошад, истироҳат намоям...
Нохост телефон занг зад ва ман онро бардоштам. Рақами дар табло намудоршуда рақами дарозу ношиносе буд, вале на он рақаме, ки Солеҳ аз Русия занг мезад. Дилу бедилон тугмачаи сабзро пахш намуда, гӯш ба қимор шудам.
-Парвина, ин шумо? - Баъди салом пурсид нафаре, ки оромии бандаро халалдор карда буд.
-Бале, ман чӣ буд?
-Ман Анастасия Алексеевна аз Новосибирск.
-Настяхола, бубахшед, ки шуморо нашинохтам ва сабаби ин занг заданатонро донистан мехоҳам, - гӯён ман боз гӯш ба қимор шудам.





