-Оё дар бораи қарзи баргардонидаи Сайфуллоев хабар надоштед?
-Хабар доштам ва ҳатто дар ин кор аз Усмон мадад хостам.
-Чӣ хел?
-Пеш аз пинҳон намудани забонхати Сайфуллоев ман онро нусхабардорӣ намудам ва он нусхаро ба дасти Усмон дода гуфтам: - Ба фикрам, шефи ў ва шавҳари ман аз муносибатҳои маҳрамонаи мо огоҳӣ пайдо намудааст ва аҷаб нест рўзе кафшҳои бандаро пеши по нагузорад. Аз ҳамин лиҳоз месазад, ки мо нусхаи забонхати ба Сайфуллоев додаи вайро дастрас намоем ва дар рафти баҳси молумулкӣ онро ба фоидаи хеш истифода барем...
-Ташхиси хатшиносӣ муайян намуд, ки номаи ба прокуратура фиристодаатон бо хати мард ифшо шуда.
Мегуфтед, дар ин ҷода дастгиру мададгоратон кӣ буд?
-Ман худам дар варақае он номаро рӯи чоп оварда, ба почтаи марказӣ рафтам. Пеш аз ба лифофа гузоштани он фикре ба ёдам омаду аз нафаре, ки сари мизе нишаста, рӯзнома мутоила мекард, арзи дил намуда, гуфтам мехоҳам аз рўӣи ҳодисае ба тафтишот ёрӣ диҳам, вале боварӣ надорам, ки ин нома ба дасти рақибонам намеафтад, аз ҳамин лиҳоз ба мақсади дарёфти ҳақиқат ва боз дар соя мондан эҳтиромона аз шумо бародари азиз хоҳиш мекунам...Ҷаҳду талошҳои маро барои дарёфти ҳақиқат дида, он мард он номаро дар варақаи дигаре рўйбардор намуд ва суроғаро болои лифофа низ ў навишт. Ба ивази хизматҳояш ба ў даҳ сомонӣ пешниҳод намуда гуфтам, умед бар он мебандам, ки бародар дар ин бора дар ягон ҷо даҳон намекушояд. “Метавонед осуда бошед” - гуфт ў ва гирифтани пули пешниҳоднамударо рад кард. Ман лифофаро ба қуттии почта партофта, ба хона рафтам.
-Акнун сабаби қасд ба ҷони шавҳар намуданатонро мегуфтед?
-Рафту агар ман ўро ба он дунё роҳхат намедодам, ҳоло ў худаш ба суолҳоятон посух мегуфт.
-Чӣ хел?
-Ў қариб маро кушта буд.





