Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 5

Саҳифаи 241 аз 499 · 2 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 241 аз 499 · 2 ноябри 2026

Дар соли нав бошад Солеҳ шаддаеро, ки ниҳоят гаронарзиш буд, бароям туҳфа намуд ва фикре ба сарам омад...
-Давом диҳед!
-Ман ба Солеҳ гуфтам, ки туҳфа бароям хеле писанд афтода, вале мехоҳам онро дар рўзе, ки баҳраш нишонаи зиндагиро ба дунё овардам, ба гарданам овезад. Ў гуфт, чун он рўз даррасад боз Худо подшост, вале ман дар суханам устувор истода шавҳарро ба он ҳидоят намудам, ки ҳардуямон якҷоя рафта туҳфаро ба хотири рўзҳои неки фардо ба ячейкаи бонкӣ мегузорем.
Солеҳ розӣ шуд ва гуфт пасфардо аз пай ҳамин кор мешавем. Субҳи рўзи дигараш чун ў ба кор рафт, ман забонхати додаи Сайфуллоевро чорқат намуда, бо як маҳорати хосае дар зери қуттии махмалини шадда пинҳон намудам...
-Мо шуморо гӯш намуда истодаем.
-Шадда - ин худ нишонаи аввалине баҳри ба эътидол овардани муносибати ману шавҳар буд, чунки Солеҳ мехост, банда аз гуноҳи содир намудааш чашм пӯшам.
-Чӣ хел гуноҳ?
-Боре ман худам ўро ҳамроҳи Наргис ном духтаре дар бистари хобамон дастгир намудам. Наргис маро чӯби қоқ номид ва гуфт, ки беҳуда умри мардро хазон насозам.
Албатта, чунин ҳолатро таҳаммул намудан барои ман осон набуд ва ҳамчун посух ба “корнамоиҳои” шавҳар ман ёварашро ба доми хеш кашидам, вале афсӯс ин муҳаббати сарироҳӣ ҳам то охир пойдор намонд ва соя ҳам баъди тан бо дунёи фонӣ падруд гуфт.
-Дар бораи он номае, ки моро ба ячейкаи бонкӣ ҳидоят намудед, чӣ гуфта метавонед?
-Новобаста аз он, ки тайи ин муддат манро осуда гузоштед, вале ҷаҳду талошҳои шуморо дида, фишори тафтишотро бараъло ҳис намудам. Маҳз дар ҳамин ҳолати душвор ман боз ҳамон забонхати Сайфуллоевро ба ёд овардам ва баҳри сояро аз болои хеш дур афкандан як талош намудам.

Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 5

499 саҳифа

Аз аввал хондан