...
-Баъди суханони сермурчу қаланфури муфаттиш, ба фикрам, дамаш ба дарун зад, хомӯшии собиқ шахси дуюми идораро дида, оҳиста ба гӯши ман пичиррос зада гуфт Ҷомии Шариф.
-Ба эҳсосот дода шудан низ рафтори оқилона нест, - ҳампешаи хешро огоҳ намудам ман.
-Шояд маро бо ман шиносонед. баъди хомӯшии на чандон тӯлоние дигарбора риштаи суханро ба даст гирифта гуфт Барзу Ёдгор.
-Шуморо не, вале агар зерҳимояатонро дигар маҷоли сухан гуфтан набошад, бо шумо шинос намоям. Ҳоло ки вақт ҳаст, хуб мешуд, ки ў худ ба рафти ҳодисаҳое, ки боиси ҳамдигарнофаҳмии мо гашт, рўшанӣ меандохт.
-Зид нестам.
-Мегӯянд сухан аз забони Луқмон хуш аст ва хуб мешуд, агар шумо худ ба рафти ҳодисаҳо рўшанӣ меандохтед. Дар он сурат мо инро чун пушаймонӣ аз кирдоратон арзёбӣ мекардем. Чунин амал чун ҳолати сабуккунандаи кор ба инобат гирифта мешавад.
...
Парвина Қамар муддате боз ба андеша рафт, вале касе аз ҳозирин нияти хомӯшии ба вуқуъпайвастаро халалдор намудан накард...
Дар як нигоҳ аз симои ҷавонзан дарёфтам, ки хотираи рўзгори рафтааш чун дуде қалби ўро ба “оғўш” гирифта ва дар зери фаввораи дуд хайр бо шар даст ба гиребон...
-Чӣ гӯям? ӯ баъди он ҳама хомӯшиҳо гулӯ рўшан намуд Парвина Қамар.
-Сараввал мо донистан мехостем, ки ба кадом хотир шумо шаддаро ба ячейкаи бонкӣ гузоштед?
-Дар миёнаҳои моҳи ноябри соли гузашта ман аз байни коғазҳои шавҳар забонхатеро дарёфтам, ки Сайфуллоев ба ивази 80000 доллар чун кафолат ба дасти вай дода буд. Чун шавҳарам ҳамеша аз нарасидани маблағ шикоят мекард, ба хотири дарёфти ҳақиқат ман онро пинҳон намудам. Моҳе сипарӣ шуду вай он забонхатро ба гӯшаи хотир ҳам наовард ва банда бори аввал ба сабурии ў тан додам.





