Парвина Қамар баъди шиносоӣ бо мактуб, ки ҳамагӣ аз ду ҷумла иборат буд, эътироз намуда гуфт: - Беҳуда аз ман домонгир шудаед, чунки хат хати ман нест.
-Инашро мо медонем.
-Пас аз ман чӣ мехоҳед?
-Гап дар сари он меравад, ки изи ангуштони шумо на танҳо дар мактуб, инчунин дар лифофаи он низ ёфт шуд. Ё инаш ҳам тасодуф аст?
...
-Шуморо огоҳ менамоям...
-Ин ҳанўз маънои онро надорад, ки зерҳимояи банда қасд ба ҷони шавҳараш намуда бошад. Бонуи хона буд ва чӣ хеле худаш гуфт, аксари вақт ў коғазҳои паҳну парешони шавҳарро ҷамъу гирд менамудааст ва шояд нафаре аз бадбинонаш дар асоси нақшаи пешакӣ тарҳрезишуда барои рўзи мабодо чанд коғазеро бо нақши ангуштони зерҳимояи ман гирифта пинҳон карда бошад ва чун вақту соаташ омад, мақсадҳои нопоки хешро амалӣ намуда, бо ин васила гуноҳро ба души зерҳимояи банда партофт... Дар ҳодисаи мазкур банда ягон зарра манфиати зерҳимояи хешро намебинам. Бе мақсаду маром бошад, кадом одами солимақл даст ба чунин ҷинояти вазнин мезанад?
-Мегуфтед, ба ҷуз ҳамсар боз кӣ метавонист дар марги Солеҳ Қамар манфиатдор бошад?
-Ҳамсари собиқаш, қарздоронаш, модоме вай аз ҳамсар пинҳони ба нафаре 80000 доллари амрикоӣ қарз додааст, пас куҷост кафолат, ки ин амали аввалину охиринаш бошад.
-Чӣ хел аз ҳамсараш пинҳонӣ?
-Зерҳимояи ман кушоду равшан ба мо фаҳмонд, ки аз қарзҳои ба мардум додаи шавҳар хабар надорад ва дар ин бора аз забони Усмон шунидааст, вале ў ҳам ному насаби нафарони аз Солеҳ Қамар қарз гирифтаро бо кадом сабабе пинҳон намудааст.
-Маълум мешавад, бо он ҳама таҷрибаи кории дар тафтишот андӯхтаатон, чандон одамшинос нестед.
-Нафаҳмидам, бо рангу рўӣ канда гуфт Барзу Ёдгор.
-Зерҳимояи шумо нафарест, ки ҳамаи моро ба лаби дарё ташна бурда ташна меорад ва ба хотири ҳақиқат чун даҳ маротиба ба тарафдории “дӯст” сухан гуфтед, аққалан боре сухане дар нисбати “душман” ҳам ба забон оваред.





