-Ҳа, он кас дар рўзи бӯрёкӯбон ба хонаи мо омада буд ва мо ҳам бо даъвати эшон дар маросими бӯрёкӯбонаш иштирок намудем, вале дар бораи қарзи гирифтааш бори аввал шунида истодаам.
-Шумо бори аввал ин хабарро шунида истодаед, вале нақши ангуштонатон дар ҳамин як лисони хурдакак ҳам мондааст ё инаш ҳам тасодуф аст?
...
-Чаро ба даҳон об гирифтед?
-Аксар вақт ман баъзе коғазҳои паҳну парешони шавҳарро ҷамъу гирд мекардам ва аз эҳтимол дур нест, ки...
-Охир андеша намоед, ки чаро ин ҳама тасодуфҳо бо шумо рух дода?
-Намедонам.
-Дар бораи қарзи Сайфуллоев чӣ хабаре доред?
-Ҳеҷ чиз.
-Яъне, қарзро баргардонида аст ё не, шумо намедонед?
-Намедонам.
-Аз асрори ниҳоии оила ба ҷуз зану шавҳар боз кӣ огоҳӣ дошта метавонад?
-Агар оила тифоқ бошад, ҳеҷ кас.
-Агар набошад-чӣ?
-Дар он сурат тарафе, ки ба низоъҳои оилавӣ манфиатдор аст, эҳтимолияти воқиф шудани асрорро дорад.
-Лаҳзае пеш гуфтед, ки шавҳаратон марди дамдузд буд?
-Инкор намекунам.
-Модоме ки ба хотири оромию осудагии шумо ў асрори хешро аз нимаи дуюми хеш пинҳон дошт, пас чӣ тавр метавон эшонро дар ошкор намудани сирри хонадон гунаҳкор кард?
-Ман ўро гунаҳкор накардаам.
-Пас агар чунин аст, ана дар бораи ин мактуб чӣ мегӯед? - гӯён муфаттиш номаи Хокироҳи хайрхоҳро аз байни қоғазҳои болои мизаш буда бурун оварда, назди гумонбаршуда гузошта гуфт:
- Хоҳиш мекунам ба коғаз даст нарасонед, ҳамин хел онро хонда шарҳ диҳед.





