-Не.
-Шавҳаратон чӣ?
-Намедонам ва чӣ хеле гуфтам ман аз бисёр амалҳои вай воқиф набудам.
Муфаттиш аз ҷой бархеста сейфро кушод ва аз он ҷо як халтачаи селофаниеро, ки бо муҳр маҳкам карда шуда буд, берун овард. Ин ҳамон шаддае буд, ки чанд рўз пештар мо онро аз ячейкаи №78-и “Агроинвестбонк” берун оварда будем.
-Дар бораи ана ҳамин шадда чӣ гуфта метавонед? - халтачаи селофаниро пеши мусоҳибаш гузошта пурсид Фурўғи Шариф.
-Ман ҳеҷ нафаҳмидам, ки ин шадда ба марги шавҳари ман чӣ алоқамандӣ дорад?
-Оё гуфтанӣ нестед, ки ин шаддаро бори аввал мебинед?
-Инкор намекунам.
-Инкор намекунед, ки онро бори аввал мебинед ва ё баръакс...
-Ин шаддаро бори аввал дида истодаам.
-Шояд дурустар андеша намоед, рафту онро дидаед, вале бо гузашти вақт аз лавҳаи хотиратон ба гӯшаи фаромушӣ рафтааст.
-Ман ҳеҷ гоҳ чунин шадда надоштам ва мақсади пурсишҳои бе сару нӯги шуморо ҳам намефаҳмам.
-Ана ин хулосаи ташхиси дактилоскопӣ - гӯён муфаттиш аз байни қоғазҳои дар рўйи мизаш буда ду варақаеро берун овард. Ин чӣ хулоса аст, беҳтар мешуд аз ҳимоячиатон мепурсидед. Дар ҳамин лисони сафед бо ҳарфҳои сиёҳ омада, ки яке аз изҳои аз шадда ёфтшуда аз рўйи хусусиятҳои индувидуалӣ ба нақши ангуштони Парвина Қамар, ки онро барои муқоиса ба ташхисгоҳ фиристодаанд, баробар аст.
Шояд шарҳи чӣ тавр нақши ангуштони дар шадда мондаатонро мегуфтед?
-Дар ёдам нест, ман бори аввал ин шаддаро мебинам, шояд саҳфе шуда бошад?
-Дар дохили қуттии шадда мо забонхати Сайфуллоев Адҳам Аҳтамовичро ёфтем, ки аз шавҳаратон ба маблағи ҳаштод ҳазор доллари амрикоӣ бо иловаи панҷ фоизи моҳона қарз гирифтааст. Оё ин ном ба шумо шинос аст?





