Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 5

Саҳифаи 236 аз 499 · 2 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 236 аз 499 · 2 ноябри 2026

Мо ҳама якҷоя вориди дафтари корӣ шудем. Баъди ба курсӣ нишастан муфаттиш ба тарафи гумонбаршуда нигариста гуфт, ки оё вай барои давом додани суҳбат омода ҳаст. Дар акси ҳол мо метавонем суҳбатро то субҳи фардо маъқуф гузорем, вале бояд хотиррасон намоям, ки дар ҳамин ҳолат ҳам мо шуморо боздошт менамоем.
-Беҳтараш суҳбатро давом диҳем. Дар рафти суҳбат шумо худ ба хулосае хоҳед омад, ки зерҳимояи банда гуноҳе надорад ва аз боздошти ў барои тафтишот манфиате нест, - ба ҷойи зерҳимояаш риштаи суханро ба даст гирифта гуфт Барзу Ёдгор.
-Зид нестам, дар айни вақт сухан- сухани шумо.
-Зерҳимояи ман тайёр аст, ба ҳамаи суолҳоятон посух гӯяд ё гапам нодуруст, Парвина Зиёдуллоевна.
-Не, дуруст.
-Такрор шавад ҳам мо донистан мехоҳем, ки оё шавҳаратон таппонча дошт?
-Намедонам, дурустараш боре ҳам чунин асбобро дар дасти ў ва ё дар хона надидаам. Ҳамаи инро сабаб он буд, ки худораҳматӣ Солеҳ марди ниҳоят дамдузд буд ва кӯшиш мекард банда аз баъзе корҳояш огоҳ нагардам. Гоҳҳо ман нисбати баъзе амалҳои вай таваҷҷуҳ зоҳир менамудам, вале ўро дар чунин мавридҳо танҳо як сухан вирди забон буд...
-Хуш он чӣ сухане буд? - пурсид соҳиби дафтари корӣ.
-“ Меньше знаешь, лучьше спишь”.
-Шумо бошед, ба ҳамаи ин тоқат мекардед?
-Тоқат мекардам, чунки худкардаро даво нест. Ман, ки бе розигии модару бобоям бо вай издивоҷ намудам, пас чӣ тавр метавонистам аз болои нафаре, ки ба хотири ў шуда қариб аз ҳама гузаштам, ба ягон ҷо шикоят барам.
-Аз шумо дида, ў рози дилашро ба Усмон бештар кушода будааст.
-Ба фикрам ҳамин хел буд ва чӣ хеле ман аллакай гуфта гузаштам дар бораи он ки ў ба мардум қарзҳои калон додааст, аз забони худи Усмон шунидам. Афсӯс Усмон ҳам он рози ниҳони хеш ба хок бурд.
-Мо донистан мехоҳем, ки оё шумо дар бонк ягон мероси гаронбаҳое ба амонат нагузоштаед?

Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 5

499 саҳифа

Аз аввал хондан