-Чун Барзу Ёдгорович шуморо, рафиқ майор, дастпарвари хеш медонад банда сари пешниҳоди эшон монеае эҷод карданӣ нестам, - гӯён Фурўғ аз сари мизи кориаш бархеста, ҳуҷҷатҳои болои мизро ба сейф гузошта, ба тарафи дар ҳаракат намуда гуфт: - Танҳо даҳ дақиқа, вақт рафт...
-Гумон доред дар набудани мо Парвина Қамар ба вай асрори хешро мекушояд, изҳори нигаронӣ намуд Ҷомии Шариф.
-Кӣ медонад?
-Ба гумонам, бевазан ҳатто шайтонро ба лаби об ташна бурда ташна меорад, - ба ҳимояи сухани аввалаи хеш бархост лейтенанти калон.
-Мо аз доираи қонун берун нашудаем ва хуб мешуд, ки эҳсосотро бо худ нигоҳ медоштед, - шогирди бандаро ором намуданӣ шуда гуфт муфаттиш.
-Эҳсосот мегӯед, рафту агар адвокат ба ҷой насиҳат ба зерҳимояаш дастури нав диҳад-чӣ?
-Равшании шамъ то дамидани субҳ аст, - қариб бепарвоёна гуфт Фурўғи Шариф.
-Яъне, ки...
-Ором шавед рафиқ лейтенанти калон, чун суҳбатро аз нав оғоз намоем, ҳамааш маълум хохад шуд.
-Албатта.
-Бояд гуфт, ки дар ин пурсиш бартарӣ ба тарафи мост.
-То кунун яроқе, ки тариқи он ҷиноят содир шудааст ёфт нашуда, шумо бошед дар бораи кадом як бартарие сухан мегӯед.
-Наёфтани яроқ ин ҳанўз маънои шикасти тафтишотро надорад ва бо он далелҳои моро дар даст буда зерҳимояи Барзу Ёдгорро ба ҷуз таслим шудан дигар чорае нест...
Муфаттиш боз чизе гуфтан мехост, вале аз дафтари кориаш берун омадани адвокатро дида, муҳри хомӯшӣ ба лаб гирифт.
-Вақти ҷудо намудаатон тамом шуд, аз ин рў банда, баромадам то шуморо огоҳ созам, боз нашаваду...
-Аминам бо зерҳимояатон суҳбатро ба анҷом расонидед?
-Бале.





