Ана дар ин ҷо акси шумо ва он медали биринҷии дар гарданатон овезон. Шумо бошед мегӯед, ки банда коҳи кӯҳнаро бод намудам. Ҳаргиз чунин нест, инро ба ҳамон хотир мегӯям, ки бо яроқ сару кор доштанатонро дигар инкор накунед.
-Ин ҳанўз маънои онро надорад, ки зерҳимояи ман қасд ба ҷони нимаи дуюми хеш намуда бошад, - эътироз намуд ҳимоячӣ Барзу Ёдгор.
Ман акнун ба ёд овардам, ки духтар замоне ба варзиш машғул будааст ва шаҳодати ин ҳама миёни борик ва пойҳои дарозу боқуввати ҷавонзан буд, ки ҳоло ҳам ба дили ҳар мард пайкони муҳаббатро чун ҳамон тири дар мусобиқаи биатлонистҳо сар додааш, ҷо ба ҷо карда метавонист, вале ба хотири нигоҳдоштани набзи муайян дар рафти тафтишот гуфтам:
- Барзу Ёдгорович, хуб мешуд, ки аз хулосабарории пешакӣ худдорӣ менамудед.
-То ҷое ки банда огоҳӣ дорам, яроқеро, ки тариқи он Солеҳ Қамар ба қатл расонида шудааст, тафтишот чун далели шайъӣ дар даст надорад, модоме чунин аст чӣ тавр метавон ба зерҳимояи банда ҷурми набударо бор кард, - шӯрида гуфт Барзу Ёдгор.
-“Бо кумаку дастгирии шумо, Барзу Ёдгорович, албатта, ярокро ҳам меёбем, - адвокатро ҳушдор намуда гуфт муаллифи “Ҷадвали тақдир.”
-Ин чӣ беҳурматӣ? - ба тарафи ман нигариста аз болои зердаст ба қавле шикоят намуд собиқ шахси дуюми ҳамин идора.
-Барзу Ёдгорович, беҳтар мешуд, ба зерҳимояатон ҳолатҳои сабуккунандаи корро, ки тафтишот мавриди баррасӣ қарор медиҳад, фаҳмонида медодед.
-Ба таври истисно ва танҳо ба хотири шумо, Акбар Ҳакимович, мехостам даҳ дақиқа бо зерҳимояи хеш дар алоҳидагӣ суҳбат намоям.
-Барзу Ёдгорович, шумо аз ман беҳтар медонед, ки ин ваколати муфаттиш аст...

Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 5Аз аввал хондан




