-Боре дар омади гап гуфт, ки нафарони зиёде аз Солеҳ қарзҳои калон гирифтаанд. Ман хеле кушидам то ному насаби қарзгирифтагонро бифаҳмам, вале Усмон аз ошкор намудани ному насаби онҳо худдорӣ кард. Оҳ, кош ў мефаҳмид, ки ин ҳама пинҳонкориҳояш рўзе балои сараш мегардад.
-Яъне, шумо намедонед, қарзатонро аз кӣ талаб намоед?
-Намедонам ва рўзе агар ин кор ба ман даст диҳад ҳам, ба гумон аст бе ҳуҷҷат ҳимояи ҳуқуқҳои молиявии хешро дифоъ карда тавонам. Шумо худ шоҳид будед, ки ҳамагӣ чанд рўз пеш ҳавлии моро аз сару бар ҷустуҷў намуданд, вале ягон дастхате аз Солеҳ ёфт нашуд, ҳол он ки ў низ чун ҳама тоҷирони дунё ҳисобу китоб дошт...
-Яъне нафаре, ки қасди ҷони вай намудааст, ба андешаи шумо он ҳама асрори молиявии шавҳаратонро низ рабуда?
-Гумон мекунам ҳамин хел аст.
-Мо донистан мехоҳем, ки оё шавҳаратон таппонча дошт?
-Не.
-Шумо худ бо яроқ ягон маротиба сару кор доштед?
-Не, надоштам.
-Шояд ба ёд биёред.
-Надоштам ва амалеро, ки ман боре дар қиссааш набудам, чаро ба ёд меовардаам...
-Чунки дар рўзгори гузаштаи шумо ҳамин қадар саҳфаи беолоиш ҳаст, ки замоне на танҳо боиси ифтихори шумо, балки ифтихори миллат гардида, - гӯён муфаттиш аз ғалладони мизи кориаш рўзномаеро бурун оварда пеши мусоҳибаш гузошт.
-Аз байн чанд сол гузаштааст ва ман намедонам ин асрори чандинсола ба ҳодисаҳои имрўза чӣ пайвастагие дорад? Ҳеҷ намефаҳмам мақсади шумо аз бод кардани ин коҳи кӯҳна чист?
-Лаҳзае пеш шумо иқрор шудед, ки бо яроқ ягон маротиба сару кор надоштед, вале дар ҳамин рўзнома (муфаттиш бо дасташ ба рўзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон”, ки болои миз гузошта буд, ишора намуд) омадааст, ки хонандаи синфи 11 мактаби №53-и шаҳри Душанбе Парвинаи Зиёдулло дар мусобиқаи биатлонистон дар байни духтарони Осиёи Миёна ва Қафқоз, ки дар мавзеи Сафедораки Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ба комёбиҳои баланд ноил гардида, бо ишғол намудани ҷой сеюм сазовори медали биринҷӣ гардид.





