Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 5

Саҳифаи 232 аз 499 · 2 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 232 аз 499 · 2 ноябри 2026

-Дар ин ҷода ман на дар сархати дафтарам ва на дар охир.
-Шумо чун гуле байни ин дафтар будед, - паст наомада гуфт муфаттиш.
-Киноя мезанед?
-Ҳарчӣ пиндоред.
-Дилро ба дил роҳест ва айби шумост, ки сари вақт нафари ҳамроҳи ман бударо наёфтед.
-Ҳамаи инро сабаб он аст, ки ў на танҳо аз мо, балки аз шумо ҳам дурӣ ҷуст. Дурустараш нафаре, ки ба хотири ў шуда ба шавҳар хиёнат намудед, дар лаҳзаҳои ҳассоси зиндагӣ шуморо танҳо гузошт...
-Дар марги вай танҳо шумо гунаҳкоред.
-Ин фикрҳои ботилро аз сар дур намоед!
-Чӣ хел ботил, модоме аз беҳаракатии шумо душманони мо истифода бурда, нафареро, ки дар умраш ҷуръаи маро ба лаб набурда буд дар ҳолати мастӣ ба зери чархи автомашина партофтанд ва медонед барои чӣ?
-Не.
-Барои он ки бандаро дар марги шавҳар гунаҳкор намоянд. Шояд онҳо гумон доштанд, ки ман аз тамоми асрори пасипардагии шавҳар огоҳ ҳастам ва минбаъд ба нақшаҳои кашидаашон халал мерасонам. Дар асл чунин набуд, чунки ман аз доираи фаъолияти хеш ҳамчун зан ҳамчун бонуи хона ҳаргиз берун набаромада будам.
-Асрори пасипардагии шавҳар гуфта чиро дар назар доред?
-Шумо худ шоҳид, ки дар тиҷорат Солеҳ марди аноӣ набуд ва аз ҳамин ҳисоб нотавонбинонаш ҳам кам набуданд.
Ў гоҳе пинҳонӣ аз ман ба ёрў дўстонаш қарзҳои калон медод.
Ҳамаи инро ман аз забони нафаре шунидам, ки мебоист алибии бегуноҳиамро тасдиқ мекард ва итминонам комил аст, ки қотили Усмон низ нафарест, ки қасд ба ҷони Солеҳ намуда.
-Ному насаби онҳое, ки аз шавҳаратон қарз гирифтаанд?
-Инро бояд аз Усмон мепурсидед, вале акнун дер намудед, чунки қатора рафт...
-Пас шумо аз забони нафаре, ки омада алибии бегуноҳиатонро тасдиқ накард, чӣ шунидед?

Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 5

499 саҳифа

Аз аввал хондан