-Чӣ хеле банда чанд рўз пештар ҳам дар ҳамин ҷо ба шумо гузориш дода будам, айби мо ҳам нест, ки аз Парвина Қамар домангир шудем.
-Рўшантар карда мақсадатонро баён намоед!
-Нағмаи тори моро худи Парвина Қамар ҷўр кард, дурустараш ў тариқи номае мехост дигареро дар марги шавҳар гунаҳкор созад ва аз ҳамин лиҳоз он асроре, ки барои рўзи мабодо аз шавҳар пинҳон намуда буд, дар вақту соати муайян ошкор кард, бехабар аз он ки маҳз ҳамин нома айбномаи худаш мегардад...
-Ҳар чӣ ки мо хостем, на он мешавад, - сухани зердастро тақвият дода гуфт сардори милиса.
-Агар иҷозат диҳед...
-Марҳамат, рафиқ майор.
-Назарияи пешниҳод намудаи лейтенанти калон Ҷомии Шариф боиси дастгирист, чунки мо забонхати додаи Солеҳ Қамарро ба Сайфуллоев ёфтем. Дар айни замон он барои муқоиса бо намунаи хати Солеҳ Қамар ба ташхиси хатшиносӣ фиристода шудааст. Чун Сайфуллоев қарзи гирифтаашро бо фоизаш пурра ба Солеҳ Қамар баргардонидааст, аз қасд ба ҷони эшон ўро манфиате набуд...
-Модоме чунин аст, бо сарвари гурӯҳҳи тафтишотӣ оиди боздошти гумонбаршуда маслиҳат намоед!
-Итоат.
-Барори кор...
...34...
-Ман гуноҳе надорам ва инро шумо хуб медонед.
-Сараввал мо ҳам чунин мешумурдем.
-Ҳоло чӣ?
-Дар марги шавҳаратон ба ҷуз шумо дигар касеро манфиатдор надидем.
-Охир ман бонуи хона будам ва чӣ манфиате ба ман аз марги шавҳар.
-Бонуи хона будед, вале ҳамин мақоми хешро қадр накардед.
-Чӣ хел қадр накардам?
-Бо зердасти шавҳар муҳаббат варзиданатонро дар назар дорем.





