-Пас биё рафтем.
-Ба куҷо?
-Ба назди шеф.
-Охир маро ба ноҳияи Фирдавсӣ рафтанам лозим.
-Худойдоди Замир гурехта намеравад, ба замми ин, мо бояд собит намоем, ки ба ҷуз Парвина Қамар касе дар марги шавҳараш манфиатдор набуд.
-Худат аз уҳдаи собит намудани ин амал ба хубӣ мебароӣ ва биё ин дафъа маро аз роҳам намон.
-О, худатон ҳамеша таъкид мекунед, ки қувваи мушт дар муттаҳидии ангуштон аст...
-Бурд – бурди худат, рафиқ лейтенанти калон.
-Ҳамон як сухан он қадар боиси ранҷи хотиратон гашт, ки сухангӯйро ба гӯшаи фаромӯшӣ додед, - баробари ба курсӣ нишастанамон арзи дил намуд Воҳид Камол.
-Ҳаргиз чунин нест, рафиқ полковник, вале шумо ҳам бояд моро фаҳмед, - мӯйсафедро тасалло доданӣ шуда узр пеш овардам ман.
-Айби ман нест, ки торам надорад савти хуш, Айби он нағмсароён аст, ки ноҷӯрам кунанд,
-мефаҳмед пурсид нафаре, ки чанд рўз пеш пӯшидани дарро ба мо аз дигар самт нишон дода...
-То андозае.
-Пас аминам ки рафиқ лейтенанти калон андешаҳои хешро дар атрофи гумонбаршудаи асосии ин ҳаводис дигар накардааст?
-Ҳаргиз не ва мо барои маслиҳату фотеҳаи шуморо гирифтан ба ин ҷо омадем.
-Он рўз пас аз рафтани шумо ман сари гуфтаҳои Ҷомии Шариф хеле андеша намудам ва эҳтимолияти рух додани ҳодисаро дар чунин шакл пеши назар овардам. Худ огоҳӣ доред, ки ҳеҷ гоҳ зиндагиро дар доираи як чаҳорчӯба нигоҳ доштан имкон надорад ва агар чунин аст мо наметавонем ба рух додани ҳодиса дар шакле, ки лейтенанти калон рўйи ҷадвали тақдир овардааст, аз паси панҷа нигарем. Рафиқ лейтенанти калон хуб мешуд назарияи кунунии хешро дар атрофи ҳаводисе, ки тайи як моҳи охир чун устухон дар гулӯямон дармондааст, дигар бора баён мекардед!





