Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 5

Саҳифаи 229 аз 499 · 2 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 229 аз 499 · 2 ноябри 2026

-Бо ҳамин нағмаҳои ноҷӯрат?
-Дар зинаҳои пеши бино бо духтараке рў ба рў омадам. Аз ин бино аҳён-аҳён шахсиятҳо бо чунин таъби болида берун мешаванд. Чун вориди бино шудам, дар бораи он кабки рамида пурсон шудам. Сан Санович гуфт, ки париваш соате боз дар ҳузури шумо буд. Барои ҳамин аз рўӣ эҳтиром ба дар ангушт задам, - гӯён Ҷомии Шариф боз ду-се қадам зада ба курсие нишаст.
-Беҳтар мешуд аз дастовардҳоятон ҳарф мезадед.
-Дирўз ба донишгоҳ рафтам, вале Мадинаро наёфтам.
Ҳоло ҳам аз ҳамон ҷо омадам, вале бе натиҷа.
-Мо беҳуда аз вай гумонбар шудем.
-Чӣ хел?
-Сайфуллоев бо хатое он забонхатро дар байни дигар китоби асарҳои Чарлз Дикенс гузошта будааст.
-Онро ёфтед?
-Бале.
-Пас мо беҳуда аз Мадина гумонбар шудем?
-Беҳуда ва хуб шуд, ки шумо ўро наёфтед ва беҳтар мешуд номи вайро аз ҷадвали тақдир мегирифтед.
-Итоат, рафиқ майор, рухсат диҳед аз пайи супоришатон шавам. Истед, ки он чӯҷаи парӣ кӣ буд?
-Рав, рав, - гӯён ман низ аз курсӣ бархестам...
-Шумо ба куҷо?
-Ба ШКД-и ноҳияи Фирдавсӣ.
-Дар он ҷо чӣ гум кардаед?
-Бо муфаттиш Худойдоди Замир вохӯрданам лозим.
-Пас ман чӣ кор кунам?
-Ба прокуратура рафта бо муфаттиш дар бораи боздошти Парвина Қамар маслиҳат намоед.
-Намешавад.
-Чаро?
-Муйсафедро дар вазъи ногувор гузоштан намехоҳам.
-Ин беҳтарин сухан аст, ки тайи ҳафтаи охир аз забони шумо мешунавам. Хуб аст, ки нисбати суханҳои сардор шуморо ғуборе дар дил нест.
-Дӯст гӯяд табарвор...
-Воҳид Камол мардест беназир.

Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 5

499 саҳифа

Аз аввал хондан