Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 5

Саҳифаи 228 аз 499 · 2 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 228 аз 499 · 2 ноябри 2026

нафаре, ки аз рўи муҳаббат танҳо муҳаббат барои дарёфти ҳақиқат бо вай ҳамақида гашта буд, даст дошта бошад...
-Акнун ихтиёр шуморост, - гуфтани Мадина дар гӯшам садо медоду садо...
-Чӣ бояд кард? - Баъди ин ҳама андешаҳо суол намудам ба хеш.
“-Ман бад кунаму ту бад мукофот диҳӣ...” - шунидам нидои аз замирам бархостаро.
Ин дафъа боз аз байни андешаҳо сар бардоштаву ба сўйи мусоҳибам нигаристам. Нигоҳам ҳамоно ба нигоҳи маҳзун ва имдодталабонаи духтар бархӯрд.
Не, ман ба тақдири ин духтараки содда, ки ба хотири муҳаббати пок ҷўйёи ҳақиқат гашта буд, наметавонистам хатти батлон кашам.
-Акнун ба хона равед ва ҳарчӣ бо ман гуфтед, фаромуш намоед!
-Боз манро ягон кас ҷеғ мезанад?
-Не, ин аввалин ва гумон мекунам охирин пурсиши шумост. Шумо озод, вале минбаъд ҳар қадаматонро дониста гузоред!
-Ваъда медиҳам, - гӯён духтар аз курсӣ бархест ва таъзимкунон аз дар баромад...
Баъди рафтани Мадина ман боз муддате савори сафинаи андешаҳо будам. Дар самти муайяне ҳаракат намудани Сафина ин худ шаҳодатгари донишу малакаи нохудо буд, ки киштиро дар самти ҷараёни ростхата пеш мебурд.
Рафту ба дар ангушт намезаданд, эҳтимол ман боз муддате савори он сафинаи хаёлӣ будам. Вале нафари дар пушти дар буда низ кори хеш медонист, ки муддате пас дубора амалашро такрор кард. Гумон мерафт, ки монеае садди роҳи вай гаштаву муҳтоҷи дастгирист. Маҳз ба хотири нафаре, ки бо умед пушти дар меистод, гулӯ рўшан намуда гуфтам: - Марҳамат, дар кушода.
Чун нафари дар пушти дар буда пой ба остона гузошт, ғазабам дучанд шуд, вале ҳамоно худро ба даст гирифта гуфтам:

  • Нағмаҳои нав муборак!
    -Хостам асабатонро каме ором созам, рафиқ майор.
Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 5

499 саҳифа

Аз аввал хондан