Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 5

Саҳифаи 227 аз 499 · 2 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 227 аз 499 · 2 ноябри 2026

-Хунро бо хун не, балки бо об мешӯянд.
-Ҳамааш ҳамин?
-Не.
-Пас бигӯ чӣ мехоҳӣ?
-Ман бад кунаму ту бад мукофот диҳӣ, Пас фарқ миёни ману ту чист бигӯ...10 Аз шунидани овози қалби решам вуҷудам ларзид ва ноаён ба тарафи мусоҳибам нигаристам.
Мадина нигоҳашро ба зер афканда, чун ҳама гунаҳкорони олам хомӯш менишаст. Хайрият дар он лаҳза нигоҳҳои мо дигарбора бо ҳам бар нахӯрданд.
Маҳз ҳамин ҳолат ба ман имкон дод, ки дигарбора сари ин қазия баргардам.
Беҳуда нагуфтаанд, ки зангиру аспгир ҳама девонаанд ва агар баръакс ин амалро дар нисбати ҷинси латиф ҳам шабеҳ диҳем, маънояшро гум намекунад. Чун Усмон Башир бо занҷири муҳаббат дасту пойи Мадина баста буд, духтар ба ў бовар кард ва ба хотири дарёфти ҳақиқат талош варзид...
Чун аз макру ҳиллаи Маҷнун бехабар буд, ба суханонаш бовар кард ва баҳри ҳақро ба ҳақдор расонидан кӯшиш ба харҷ дод. Аз нигоҳи мантиқ ин амал мақоли халқии “Афлотун дўсти ман, вале ҳақиқат алвотар аст”-ро ба ёд меовард. Рафту агар худи забонхат ҳам ёфт намешуд, ҳамон нусхаи ба саҳифаи дигар гузашта кифоя буд, ки ташхиси хатшиносӣ онро эътироф намояд, ҳарчанд ин амал сатҳи корҳои ҷустуҷӯиро дар муайян намудани қотили асосӣ бештару бештар мекард...
Аз амали содирнамудаи Мадина ба касе осебе нарасид ва боз гардонидани забонхат ҳам яке аз амалҳои нек буда, маънои пушаймонӣ аз кирдорро дошт.
Суҳбати субҳгоҳӣ ва бе огоҳии мо бе протокол сурат гирифт ва шояд ҳамин ҳолат дар дили духтар бовариро ба тафтишот бештар намуд. Пурсиши расмии вай агар доир ҳам гардад, ба гумон аст ба рафти тафтишот тағйироте ворид намояд. Ҳамаи инро сабаб он аст, ки Мадина дар марги Солеҳ Қамар манфиатдор набуд ва ба гумон буд, ки дар марги

10 Сухан аз У. Хайём.

Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 5

499 саҳифа

Аз аввал хондан