Хостам ба ҷустуҷӯи Солеҳ Қамар бароям, вале боз андеша намудам...
Чор рўз пеш духтархолаам ба назди ман омада гуфт, ки фардо субҳ ба хонаашон биёям, чунки ў ва ҳамсарашро ба милиса даъват намудаанд ва ман бояд чанд соате духтарашро парасторӣ намоям. Духтархолаам гиря намуда гуфт, ки язнаатро барои кадом як забонхате дар марги нафаре гумонбар шудаанд, ҳарчанд ў гуноҳе ҳам надорад.
Субҳи рузи дигараш ман ба хонаи онҳо рафтам ва муваққатан нигоҳбонии фарзандашонро ба душ гирифтам.
Чун аз Усмон ҳанўз хабаре набуд, ман забонхати рабудаамро ин дафъа дар байни ҳамон варақҳои ҷилди 26 –уми асарҳои Дикенс гузоштам, ҳарчанд он варақаро аз чилди 25 гирифта будам. Хостам, ки онҳо дар гузоштани он хатои хешро бубинанду аз касе домангир нашаванд, вале ҳамааш баръакс шуд... Акнун ихтиёр шуморост...
Сухани охирини мусоҳибам чун калимаи “SOS” дар гӯшам садо дод. Духтар мусофири сафинаи ба фалокат гирифторшударо мемонд. Мусофиреро, ки қобилияти шино кардан надорад ва ба ёрии дигарон муҳтоҷ аст. Мусофиреро, ки дар талоши ҳаёт дастак задаву имдод мехоҳад. Дирўз ман ба Сайфуллоев гуфтам, ки намегузорам сўзандузд шутурдузд гардад, вале баъди суҳбати имрўза ва суханони илтиҷоомези духтар натавонистам ба рафти ҳодисаҳо аз паси панҷа нигарам.
Нигоҳи маҳзуни духтарро дида, баҳри ба як хулосаи муайян омадан, худ нигоҳамро аз он чашмони шаҳло гурезонидам.
Аз нигоҳи қонун ҳаракатҳои Мадина тамоми чор аломатеро, ки ҷиноятро ташкил мекунанд, дар бар мегирифт.
Чор унсури ҷиноят, ки яке дигареро мукаммал намудаву нафари пой ба болои қонун гузоштаро ба зону мешинонад.
Тавбаи духтар ин худ назди қонун ба зону нишастанаш буд ва акнун ў боз аз ҳамин қонун имдод мехост, чунки аз кирдори кардааш пушаймон буд.
“Мардӣ набувад фитодаро пой задан,”- шунидам дар он лаҳзаҳо ман нидои қалби хеш ва боз...
-Боз чӣ?





