Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 5

Саҳифаи 225 аз 499 · 2 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 225 аз 499 · 2 ноябри 2026

Субҳи 17 – уми апрел ў бори охирин маро гусел намуд...
-Дигар ўро надидед?
-Не.
-Пас кай он забонхатро гирифтед?
-Шаби охирине, ки ҳамроҳи вай будам, гуфт, ки “Мадинабону ман даҳрўза ба Русия ба сафари хизматӣ меравам ва аз ту ҷони ширинам илтиҷо мекунам то бозгашти банда кӯшиш намо, то он забонхати зормондаро ба даст оварӣ. Ба Усмон ваъда додам, ки ба хотири дарёфти ҳақиқат кӯшиш мекунам. Рўзи 22 апрел духтархолаам занг зада, маро ба меҳмонӣ даъват намуд. Таклифашро пазируфтам ва чун ба онҷо рафтам, духтархолаам гуфт, ки язнаат ба Қазоқистон рафтааст ва, хуб мешуд то омаданаш ҳамроҳи мо мемондӣ.
Баъди каме пофишориҳо таклифи духтархолаамро пазируфтам. Чун шаби аввал пеш аз хоб ман машғули дарстаёркунӣ шудам, ба хотири нороҳат насохтани хоби худ ва фарзандонаш духтархолаам рахти хоби маро дар меҳмонхона партофт. Бо баҳонаи дарс тайёр намудан оҳиста
– оҳиста он хазинаи маърифатро варақгардон намудам.Шаби чоруми дар он манзил буданам ман забонхатро аз байни яке аз китобҳои Дикенс дарёфтам. Он шаб дигар то субҳ хобам набурд. Дилам аслан ба ҳоли духтархолаам ва фарзандонаш сӯхт, ки оқибати ҳаракатҳои ғайриқонунии шавҳар онҳоро то ба куҷо мебурда бошад. Дар нисбати язнаам, ки акнун нафрати бандаро дучанд намуда буд, симои Усмон чун инсони ҳалиму хоксор пеши назарам падидор гашт ва ба дерии вақт нигоҳ накарда, ман чанд маротиба ба рақами телефони ў занг задам, то ин муждаро чун ғалабаи хайр ба гӯшаш расонам, вале ҳамаи он талошҳои банда дар ин самт бе натиҷа анҷом ёфтанд ва ба хулосае омадам ки то бозгашташ аз Русия интизор шавам. Рўзи 30 апрел боз ба кӯчаи Парвин рафтам, вале бе натиҷа, гумон намудам , ки Усмон акнун аз ман дурӣ ҷуста истодааст. Хостам забонхатро бурда, ба ҷояш гузорам, вале сабрро пешаи хеш қарор додам, чунки мехостам онро ба Усмон ба он марде, ки дар талоши ҳақиқат ин қадар ҷонбозиҳо намуд ва бо ин амалаш дар дили кӯчаки банда маскан гирифт, чун барги сабзе туҳфа намоям.

Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 5

499 саҳифа

Аз аввал хондан