Дар вохӯрии навбатӣ сари ин масъала бо Усмон маслиҳат намудаву аз вай имдод хостам.
-Дар манзили онҳо сейф ҳаст?
-Намедонам.
-Агар бошад ҳам, гумон намекунам, ки чунин коғази бо роҳи ғайриқонунӣ ба даст овардаро язнаат он ҷо гузошта бошад.
-Пас онро дар куҷо пинҳон намудааст?
-Андеша намо.
-Таҷрибаи чунин андешарониҳо надорам.
-Рафту агар мо ҳам замоне соҳиби чунин хазинаи бузурги маърифат шавем, ман тамоми коғазҳои қиматнокамро дар байни китобҳо мегузорам.
-Чаро дар сейф не?
-Чунки ҳар нафаре, ки қасд ба боигарии мо мекунад, пеш аз ҳама таваҷҷуҳ ба ҳамон сейф мекунад. Барои ёфтани коғази қиматнок аз байни як китоби он хазинаи бузург бошад, рўзҳо ҳатто ҳафтаҳо лозим мешавад.
-Рафту ӯ забонхатро дар сейф монда бошад - чӣ?
-Чунин шуданашро ҳам инкор намекунам, вале туро лозим мешавад, аққалан боре он хазинаи маърифатро варақгардон намоӣ.
-Ҳамаашро?
-Барои варақгарон намудани як китоб ҳамагӣ як дақиқа кифоя аст.
-Фаҳмидам.
-Ба хотири дарёфти ҳақиқат мо наметавонем аз иҷрои ин амал чашм пӯшем.
-Ман кӯшиш мекунам.
-Ташаккур, ки маро фаҳмидӣ, ҷонакам, - гӯён Усмон маро ба оғўш гирифту чархиду чархид. Аз чархиданҳои зиёд шояд сараш чарх заду маро ба замин гузошта, худ ба дарахте такя кард.
Ман гоҳ – гоҳ ба духтархолаам занг зада, аз ҳолу аҳволаш пурсон мешудам.
Бегоҳии рўзи 16 – уми апрел Усмон занг зада, бандаро ба кулбаи иҷоравиаш даъват намуд, хостам таклифашро рад намоям, вале “ба ту ҷонакам гапи муҳиме дорам,”- гуфтани ўро шунида, ҳар чӣ бодо бод баъди шом ба он ҷо рафтам.





