Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 5

Саҳифаи 223 аз 499 · 2 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 223 аз 499 · 2 ноябри 2026

-Бале.
-Баъд чӣ шуд?
...
Шояд ин суол Мадинаро ба гирдоби андешаҳо тела дод,ки лаҳзае муҳри хомӯшӣ ба лаб гирифт.
Аз нигоҳи мантиқ духтар дар атрофи суханҳои навбатии хеш андеша дошт, чунки муҳаббати аввал дар қалби ў шӯъла назад ва аз он оташи нимсӯз дар замираш бӯи дудро ба ёдгор монд...
Дуде, ки дар меҳвари ҳақиқат зиндагии ўро чун сутуни хонаҳои бобои сиёҳ намуда...
Аз нигоҳи банда оташи қалбе, ки дар талоши ҳаёт баҳри дарёфти ҳақиқат аланга зада буд, акнун чун танӯри сарду суфраи бенон буд...
-Он шаб ман ҳамроҳи Усмон дар кӯчаи Парвин мондам, вале шумо гумон накунед, ки...
Чун дар шаҳр овозаи бадномии ту рафт, Дусад фаришта дуо гӯяндат чӣ суд?
хонда будам дар куҷое, вале ба хотири дарёфти ҳақиқат, аз гуфтани ин ду мисраъ худдорӣ намуда, баҳри тасаллои дили бемор гуфтам:

  • Бовар мекунам.
    Сари субҳ ман ба донишгоҳ рафтам ва дар замоне, ки устодон ваъз мегуфтанд, ман пешниҳоди Усмонро дигарбора дар мизони вақт гузоштам. Новобаста аз он ки язнаам тоҷир буд, ба андешаи ҳамон лаҳзаинаам ҳақ ба ҷониби нафаре буд, ки акнун баҳри дарёфти ҳақиқат дасту остин барзада буду аз ман низ кумак хост...
    Танҳо ба хотири нафаре, ки муҳаббаташ дар қалбам туғён дошт, худи ҳамон бегоҳ боз ба хонаи духтархолаам рафтам, то шабро дар меҳмонхонааш дар байни ҳазорон китоб ба субҳ бубарам, вале ин ҳама аз хаёли ботиле беш набуд ва бозгашти язнаам аз кор таъби то ба он лаҳза болидаамро тира сохту ба дерии вақт нигоҳ накарда, назди духтархолаам баҳонаи зиёде пеш оварда, ба хобгоҳ баргаштам ҳарчанд аз рўӣ ақли солим ҷустани як варақаи хурд дар чунин муҳит ба ҷустани сӯзан дар байни тӯдаи коҳ баробар буд.
Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 5

499 саҳифа

Аз аввал хондан