-Барои он ки мабодо қарздиҳанда забонхати вайро нухсабардорӣ накарда бошад.
-Пас чаро соҳиби ин забонхат ба мақомотҳои тафтишотӣ бо ҳамин нусхае, ки шумо дар даст доред, муроҷиат накард?
-Эй ҷони ширин, ту ҳоло ҳам аз шӯру шари зиндагӣ бехабар будаӣ, охир язнаи ту рекети одӣ не, балки ҷинояткори сатҳи олист ва дасташ ниҳоят дароз аст...
-Шуд, шуд сухани вайро бурида гуфтам ман.
-Ҳақиқат талх аст, ҷонам, вале шунидани он аз манфиат холӣ нест ва баъди тўй ман туро асло ба хонаи язнаат рафта намемонам.
-Маро ба хонаи духтархолаам рафтан намемонӣ, вале худат дар манзили онҳо иҷоранишин ҳастӣ.
-Ин танҳо давои дили бемор аст.
-Нафаҳмидам.
-Ба ивази наваду ду ҳазор доллар қарздиҳанда аз язнаат хоҳиш намуд, ки муддате ба ман сарпаноҳ диҳад. То оғози тобистон ман низ аз ин манзил меравам. Ман ҳамаи китобҳои дар ин ҷо будаи язнаатро варақгардон намудам, вале он забонхати Солеҳ Қамарро наёфтам ва хуб мешуд агар шумо ҳам баҳри дарёфти ҳақиқат талоше ба харҷ медодед.
-Чӣ хел?
-Рафтуомадро ба он хонадон бештар намоед ва дар ёфтани он забонхат ба ман ва ба нафаре, ки қурбонии ин беадолатӣ гардидааст, кумак намоед. Дарёфти ҳақиқат ин ҳадафи зиндагии ман аст ва агар дар замири ту барои ман каме ҷой бошад, илтиҷо мекунам, биё, дасти бечораеро, ки фирефтаи ваъдаҳои ин рекети бевиҷдон гардидааст, бигирем.
-Ба хотири дарёфти ҳақиқат тайёрам риштаи дӯстиро бо Афлотун бурида партоям, - калонгарона гуфтам ман.
-Хуб аст, ки нигоҳи мо баҳри дарёфти ҳақиқат аз як нуқта гузашт ва иншоолоҳ, ин нигоҳҳо аввалин қадаме дар зиндагии ояндаи мо хоҳад шуд, - гӯён Усмон он рўз бори аввал маро ба оғӯш гирифта, лаб ба лабонам бурд...
Дар замоне, ки ман аз бӯсаи аввалини ҳаёт дасту по хӯрда будам, баҳри дарёфти ҳақиқат зери лаб бигуфтам:
“Иншоллоҳ.”
-Яъне, шумо ба ў бовар намудед?





