-Агар чунин аст, ҳамин суханонро болои лисон сабт намоед, - гӯён ман он китобро назди соҳибхона гузоштам.
Язнаам хома пурсид ва духтархолаам хомаеро оварда ба дасташ дод. Ў дар як гӯшаи китоб чунин навишт: - “Ба Мадинабону мухлиси ашъори Ситора аз рўӣ ихлос чун барги сабз туҳфа” Имзо Сайфуллоев 02. 04...
Сипас, язнаам дар бораи китобу китобдорӣ хеле ҳарф зад ва гуфт, ки китоб беҳтарин хазинае баҳри нигоҳдории коғазҳои қиматнок аст. Ў ҳамон шаб ҷилди 27 – уми Дикенсро қироат дошт.
Рўзи дигараш баъди дарс ман бо Усмон вохӯрдам ва китобро бо навиштаҷоти язнаам ба вай нишон додам. Афсӯс ки забонхат дар ҳуҷраи иҷоравиам мондааст, гуфт ў, ва агар зид набошед ба он ҷо рафта хати язнаатро бо забонхати дар дасти ман буда муқоиса мекунем. Чун банда бисёр мехостам бегуноҳии язнаамро собит намоям, таклифи Усмонро, ки ба андешаи ҳамон лаҳзаинаи ман дар талоши ҳақиқат ҷон мекоҳонид, пазируфтам ва ҳамроҳаш ба кӯчаи Парвин 19/3 ҳуҷраи 12 рафтам.
Дар ҳамон ҷо боз Усмон шарт гузошт, ки рафту агар вай бой диҳад, чун ғулом ҳама гуна амри бандаро иҷро мекунад ва агар ман бой диҳам, бояд то субҳи дигар кулбаи фақиронаи ўро мунаввар созам.
Шарт шарт аст ва ман ҳам розӣ шудам, чунки гумон намудам Усмон худаш бой медиҳад.
Сипас, ў нусхаи он забонхатро аз 26.10... ба дастам дод, то худ муқоисаву таҳлил намуда, андешаҳоямро баён намоям.
Ман он ду навиштаҷотро чун ташхисгар хеле аз назар гузаронидам ва шикасти хешро эътироф намудам. Афсӯс бар он хӯрдам ба нафаре, ки дӯсташ медорам, бармаҳал қавл додам...
-Ба замми оне, ки язнаат қарзро бо фоизаш барнагардонидааст, боз нафареро, ки дасташ гирифтаву ба вай чунин як маблағи калонро ҳамчун қарз додааст, бо таҳдиди таппонча маҷбур намудааст, ки то барояш забонхати дигаре навишта диҳад?
-Инаш барои чӣ? - пурсидам ман.





