Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 5

Саҳифаи 220 аз 499 · 2 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 220 аз 499 · 2 ноябри 2026

Тамоми шаб мижа таҳ накарда, сари ин масъала андеша намудам ва ба хулосае омадам, ки тақдир моро бо ҳам рў ба рў кард. Рафту ман ҳамроҳи модарам ба бурёкӯбони духтархолаам намерафтем, рафту Солеҳ Қамар ва ёвараш Усмон ба он маҳфил ташриф намеоварданд, мо асло ҳамдигарро намедидем...
Ин ҳама андешаҳои ҳамонвақтаи ман буд ва акнун ман он сайдам, ки замоне бе муқобилят ҷисми хешро таслими сайёд намудам, дилам озурда ва хотирам парешон аст. Намедонам чаро тақдир ба ман чунин ранҷро раво дид... Ҳеҷ аз хотирам намеравад, ки чӣ тавр ў дар рўзи иди бонувон ба хобгоҳ бо як сабад гул омад... Бо ин амалаш ў забони ҳамсабақони бадгӯямро баст ва ман аз пештара дида ўро дўст доштам...
Дар аввалҳои моҳи апрел ў нусхаи забонхатеро ба ман нишон дода гуфт, ки язнаат рекет аст ва ба ҷой қарзи гирифтаашро баргардонидан бо таҳдиду зӯроварӣ нафари қарздодаро маҷбур намудааст, ки забонхат дода нависад, ки қарзашро пурра гирифтааст ва нисбати қарздор дигар даъвое надорад.
Эътироз намудам. Усмон гуфт агар бовар надорӣ, як нусхаи хаташро бо соядасташ бигир, то ба забонхати додаи язнаат муқоиса намоем. Ман ҳамон бегоҳ ба аёдати духтархолаам рафтам. Духтархолаам бандаро ба меҳмонхонааш бурд. Дар ҷевонҳои хориҷии меҳмонхона ман ҳазорон китобҳоро дидам. Аз байни ҳама он китобҳо ман “Шохаи арғувон” – и Ситораро ба даст гирифтам ва чун язнаам омаду маро сари мутоилаи он дид, пурсид:

  • Ба фикрам, ашъори Ситорабону ба худат писанд омада.
    -Бисёр ҳам писанд омад, вале афсӯс ки ман худ ин китобро надорам.
    -Онро бо худ бигир.
    -Наметавонам.
    -Чаро?
    -Чунки он моли шахсии шумост.
    -Ман онро ба худат тақдим мекунам.
Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 5

499 саҳифа

Аз аввал хондан