Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 5

Саҳифаи 219 аз 499 · 2 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 219 аз 499 · 2 ноябри 2026

-Оғози ҳама ин нобасомониҳо аз бурёкӯбони Сайфуллоев сарчашма гирифт. Ба ростӣ, ман ба он ҷо рафтан намехостам, вале модарам ба ҷону ҳолам нагузошт. Байни мо ва духтар холаам фарқе аз замин то осмон буд, вале модарам инро ба инобат нагирифт.. Чун ба он манзил рафтам, таваҷҷуҳи яке аз меҳмонон дар нисбати банда бедор гашт ва ў маро чанд маротиба ба рақс даъват намуд. Дар зери садои мусиқии ҷаззобе мо хеле чархидему чархидем. Ҳангоми рақс ҷавон дар куҷо таҳсил намуданамро пурсид... Ду рўз пас ҳангоми аз дарс баромадан ўро назди донишгоҳ дидам. Ман дар он лаҳзаҳо худро нодида вонамуд карда, ҳамроҳи духтарони ҳамсабақам аз паҳлуяш гузашта рафтам. Аз куҷо медонистам ки вай чун соя маро дунболгирӣ дорад. Тайи як ҳафта ў ҳар рўз сари роҳам мебаромад, кор то ба дараҷае расид, ки шарикдарсонам аз ниятҳои вай огоҳӣ пайдо карданд. Ба хотири фаҳмидани нияти аслии вай бо хоҳиши ман Мавҷуда ном дугонаам кӯшиши бо ў шинос шудан кард, вале тираш ба ҳадаф нарасид. Мавҷуда бандаро бовар кунонид, ки нияти ҷавонмард қатъист ва ман на бояд бахтамро пеши по занам.
Суханони Мавҷуда кунҷи нигоҳи маро ба рафти воқеаҳо тағйир дод. Дар вохӯрии навбатӣ чун пештара ба вай суханҳои пасту баланд нагуфта, хиромида – хиромида дар паҳлуяш гузаштам. Баъди суханони Мавҷуда дигар ман он кабки рамида набудам ва дилам туғён дошт ба парвози баланд ва маро аз таҳдиди уқоби тезчанголи ба шикор баромада ҳам парвое набуд...
Тарзи рафтор ва қадамгузориҳои банда дар замири ҷавон шояд туғёнеро ба бор овард, ки баъди сӣ – чил қадам ў паҳлуям рост шуда, дигарбора аз ҳолу аҳволам пурсон шуд.
Чун каломе ба забон наовардам, шикорчӣ онро чун аломати ризо қабул кард. Ў гоҳ аз арш ва гоҳ аз фарш сухан мегуфт, вале ҳар як суханаш чун беҳтарин садои мусиқӣ дар гӯшам садо медоду садо...
Акнун ман он сайде будам, ки баҳри озод шудани хеш аз доми сайёд кӯшиш намекард. Сайёд ҳам ин ҳолатро ба зудӣ дарк намуд...
Намедонам он рўз мо чӣ масофаеро тай намудем. Вале чун ман ба хобгоҳ омадам, аллакай шом фаро расида буд. Ман суханони Мавҷударо бо ҳаракатҳои шикорчӣ дар мизони вақт гузошта, ба хулосае омадам, ки таклифи ҷавонро напазируфтан ин баробари ба бахти хеш зомин шудан аст.

Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 5

499 саҳифа

Аз аввал хондан