-Маро дар ин самт ягон мақсаду мароме набуд.
-Мебинам, ки мо сари мақсад омада наметавонем ва агар чунин аст банда ваъдаи ба Сайфуллоев додаамро пас мегирам.
-Беҳуда нагуфтаанд, ки деворро об вайрон мекунаду одамро гап. Ман ҳам замоне чашми биною гӯши шунаво надоштам. Дурусттараш, дар замирам муҳаббати марде ҷўш заду фирефтаи суханҳояш шудам.
-Ному насабаш?
-Усмон Башир.
-Агар шуморо дуруст фаҳмида бошам, маҳз ҳамин нафар шуморо барои рабудани он забонхат ҳидоят намуд.
-Дуруст.
-Ҳоло вай дар куҷост?
-Кӣ?
-Нафаре, ки шуморо ба иҷрои чунин як амали зишт ҳидоят намуд?
...
-Хомӯш нишастан ба манфиати шумо нест.
-Вай алакаи ҷазои хешро гирифт.
-Аз кӣ?
-Аз Офаридгор.
-Аз ин бармеояд, ки шумо ҳам баҳри тасдиқи гуфтаҳои хеш шоҳид надоред.
-Чӣ илоҷ.
-Чун замоне муҳаббати нафари бо дунёи фонӣ падрудгуфта дар замиратон ҷўш зада буд, мо ҳам мефаҳмем, ки ба ёд овардани порае аз он рўзгор бароятон душвор аст, вале мо низ роҳи дигареро надида истодаем, - гӯён ман мусоҳибамро лаҳзае танҳо гузошта худ сабуи бӯлуринро гирифта баҳри овардани об аз дар баромадам...
Аз қубури саҳни ҳавлӣ об гирифта боло баромадам.
Мусоҳибам, ки то кунун сари андешаҳои хеш буд баробари пой ба остона ниҳоданам, аз рўӣ эҳтиром аз ҷояш бархест.
Аз он сабуи шаффоф ба пиёлае об рехта, наздаш гузоштам ва худ сари мизи кори нишаста гўш ба қимор шудам. Баъди гузаштани ду - се дақиқаи дигар духтар парда аз рўйи он рўзгор бардошт...





