-Хуб мешуд,- сабабҳои ба чунин амал даст заданатонро мегуфтед, эҳтимол дар он сурат ягон роҳи ҳалли ин муамморо дарёбем.
-Язнаам гуфт, ки метавонам ба кумаки шумо умед бандам.
-Ҳамааш ба худатон вобаста.
-Ба ман?
-Бале, ба шумо.
-Ман бояд чӣ кор кунам?
-Ҳақиқатро гӯед.
-Агар он бар зарари худи ман бошад чӣ?
-Агар чунин ҳам бошад. Бояд гуфт, ки шумо гумонбаршуда нестед, дурустараш дар айни ҳол нестед, шояд суханони шумо то андозае бар зарари худи шумо гардад, вале ин беҳтар аз он аст, ки барои пинҳон намудани ҳақиқат як умр азоби виҷдонатон шуморо дунболгир бошад. Мефаҳмед, рафту шумо ҳақиқатро пинҳон созед, нафари бегуноҳе зиндонӣ хоҳад шуд...
-Кӣ зиндонӣ мешавад?
-Чӣ фарқ дорад?
-Ман медонам ў кист.
-Акнун тақдири вай дар дасти шумост...
-Дар дасти ман?
-Бале.
-Охир ман он забонхатро баргардонидам.
-Инашро мо медонем.
-Пас баҳри собит намудани бегуноҳии язнаам боз чӣ монеае ҳаст.?
-Тафтишот то кунун сабабҳои аслии рабудани забонхатро муайян накардааст, аз ҳамин лиҳоз то имрўз Сайфуллоевро аз рӯйхати гумонбаршудагон бароварда натавонистем.
-Модоме ки худи тафтишот дар ин самт дасткӯтоҳ аст, аз дасти мани муштипар чӣ меояд?
-Ба хотир овардани рафти ҳодисаҳо аз оғоз то анҷомаш як иқдоми неке дар амалҳои шумо хоҳад шуд.
-Яъне, ки чӣ тавр ман забонхатро рабуда ва боз баргардонидам?
-Бо иловаи нишон додани мақсаду мароми рабудани он.





