-Маро ба назди шумо ҳамсари холаам...
-Сайфуллоев фиристод?
-Бале.
-Пеш аз оғози суҳбат донистан мехоҳам, ки рабудани забонхат аз манзили Сайфуллоев ин кори шумост?
-Чӣ гӯям?
-Росташро, вагарна метавонед дарро аз самти дигар пӯшида равед!
-Одам шири хомхӯрда, акаҷон, ва ҳамин як беақлие буд, ки аз ман гузашт, бубахшед.
-Тавба, агар он аз сидқи дил бошад, ҳатто назди Худованд ҳам мақбул аст.
-Ман ҳам аз сидқи дил мегӯям ва афсӯс мехурам, ки ба чунин як амали нопок даст задам...
-Модоме ки чунин аст, банда тайёрам, оғози он амалеро, ки акнун боиси пушаймониатон гаштааст гӯш намоям, - гӯён ман тирезаро кушода, сипас ба тарафи мусоҳибам тоб хӯрда, сари мизи корӣ нишастам ва курсиеро ба вай нишон дода гуфтам: - Марҳамат ...
Духтар, ки то кунун пушти дар рост меистод, дилу бедилон, боз ду – се қадам гузошта ба курсӣ нишаст...
Муддате дар фазои дафтари корӣ хомӯшӣ ҳукумфармо гашт. Мусоҳиби кунунии банда дар ба он лаҳзаҳо сари кадом андеша буд, ман нафаҳмидам, вале дилам ба ҳолаш сухт. Аён буд, ки духтар ба хотири муҳаббат пой болои қонун гузоштааст, чунки ҳатто Наргиси Зиёдулло, ки Усмон Баширро худозада номида буд, ҳанўз ҳам нисбаташ дилгармӣ дошт...
-Шуморо гӯш мекунам, - ниҳоят муҳри хомӯшӣ шикаста гуфтам ман.
-Ба ростӣ, ман худам ҳам нафаҳмидам, ки чаро чунин рафтор намудам. Ҳамааш аз ҳамон рўзи бурёкӯбони духтархолаам сар шуд. Эй кош, ман ба он ҷо намерафтам ва ба чунин бало гирифтор намешудам.
-Дар зиндагӣ чунин ҳолатҳо, ки шахс танҳо баъди иҷрои амале аз доираи қонун баромадани хешро эҳсос мекунад, кам нестанд.
-Акнун чӣ мешавад?





