Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 5

Саҳифаи 215 аз 499 · 2 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 215 аз 499 · 2 ноябри 2026

Ҳанўз ман имконияти кушодани тирезаро наёфта будам, ки аз пушти дари кушода сержанти милиса Сафари Сафар гулӯ рўшан кард.
-Омадед, - пурсидам ман, ки ҳанўз нигоҳамро аз оинаи шаффофи тиреза наканда будам.
-Чӣ хеле мебинед, рафиқ майор.
-Худ шоҳидед, ки нигоҳи банда ба саҳни ҳавлӣ нигаронида шудааст ва ман на худатро дида истодааму на он бонуи овардаатро.
-Инаш чандон муҳим нест.
-Нафаҳмидам.
-Муҳим он аст, ки ман ва бонуи гуфтагиатон шуморо дида истодаем.
-Боз чӣ?
-Бону аз гуфтани ному насабаш худдорӣ кард, аз ин рў, хоҳиш мекунам, ки ҳарчи тезтар ба тарафи мо нигаред, вагарна бону меравад ва ман чӣ ҷавоб гуфтанамро намедонам.
-Мулло Сафар, шумо озод ва агар бонуро майли сухан гуфтан аст, марҳамат дар кушода, дар акси ҳол ба вай ҳам роҳи сафед.
Ҳамаи инро ман ба он хотир гуфтам, ки аллакай ному насаби ташриф овардаро медонистам. Маълум буд, ки вай бо Сайфуллоев аллакай гапро пазонда, сипас ба милиса омадааст.
-Корманди милиса ҳам чун руҳшинос аст, - мегуфт полковники милиса Амириён. Банда низ ба умеди ҳаракатҳои минбаъдаи нафаре, ки чанд лаҳза пеш бо нигоҳи ҳазин роҳгузаронро назора дошт, нигоҳи хешро аз саҳни ҳавлӣ ҳанўз наканда будам.
-Рухсат диҳед, - гуфтани вай дигарбора бандаро ҳушдор сохт, ки боз каме сабур бошам.
-Марҳамат, гузаред, - гуфтам ман, вале самти нигоҳи хешро тағйир надодам.
Қадаммонӣ ва пӯшидани дарро аз самти дарун эҳсос намудам, вале ҳанӯз нигоҳам ба самти муқобил ё ба суйи майдончаи ҳавлӣ буд.

Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 5

499 саҳифа

Аз аввал хондан