Боқӣ ҳар он чӣ ки дар аввали суҳбатамон баён намудам.
-Яъне, ба ҷўз Мадина дигар касе дар ин амалҳо даст надорад?
-Надорад, вале ба хотири ҳамсарам ман аз гуноҳаш гузаштам, хоҳиш мекунам духтаракро аз ин варта берун оред.
-То сўзандузд шутурдузд гардад.
-Рафту агар мо нусха ва сипас худи забонхатро намеёфтем, медонед чӣ мешуд ?
-Медонам.
-Пас бигузор нафаре, ки пой болои қонун гузоштааст, аз рўӣ дараҷаи гуноҳи содир намудааш дар назди қонун ҷавоб гӯяд.
-Яъне, ягон имконияташ нест?
-Ба вай фаҳмонед, ки тақдири минбаъдааш вобаста ба он аст, ки ба амалҳои содирнамудааш чӣ баҳо медиҳад. Ҳамин нуқтаи назар чун ҳолати сабуккунандаи кор дар рафти тафтишот ба инобат гирифта мешавад...
...33...
Сари субҳ, вақте ман ба кор омадам, дар пеши бинои милиса духтареро дидам, ки бо чашмони ҳазин роҳгузаронро назора дошт. Чун нигоҳи банда ба вай бархӯрд, ў ҳамоно дасти росташро болои қафаси синааш гузошта ассалом гуфт.
Ба саломаш посух гуфта, баъди чанд қадам ба тарафи бино тоб хӯрда, аз зинаҳо ба боло баромада, вориди бинои милиса шудам.
-Рафиқ майор, вайро дидед, - баъди ҳолпурсии кӯтоҳ пурсид ёрдамчии навбатдор Сафари Сафар.
-Киро?
-Ҳамон духтареро, ки ҳоло аз паҳлуяш гузаштед.
-Ба саломаш посух гуфтам вале ўро нашинохтам.
-Ҳозир вайро ҷеғ мезанам, - гӯён сержанти милиса Сафари Сафар ба ман дигар эътиборе надода, ба самти дари баромадгоҳ ҳаракат кард.
-Ман дар дафтари кориам мешавам ва чун мулло Сафар (баъзеҳо ўро Сан Санович ва ман мулло Сафар мегуфтам) омад гӯед духтарро то ба дафтари кории ман гусел намояд, -
гуфтам ман ба навбатдор ва худ ба тарафи ошёнаи дуюм ҳаракат намудам.





