Кормандони тафтишот ҳам ҳамин нуқтаи назарро ба инобат гирифта аз ман домангир шудаанд. Гуфтам шояд духтархолаат бо нишондоди касе ба ин амал даст зада...
Дар атрофи забонхати гумшуда он шаб байни ман ва ҳамсарам баҳсу мунозираи тӯлонӣ оғоз шуд ва ба хотири дарёфти ҳақиқат ҳамсарам субҳи рӯзи дигар ба ҷустуҷўи духтархолааш рафт. Бегоҳӣ ў лакоту хаста ба хона баргашта, нигоҳи маҳзунашро ба сӯям духта гуфт: - Дадои Парвин, аз рўйи ҳамон як забонхати зормонда ман чӣ нақшҳое наофаридам. Аз рўйи нақли ҳамсарам ман ҳамин қадар фаҳмидам, ки ташрифи модари Парвин дар ниҳоди духтархолаи донишҷӯяш ягон шубҳаеро бедор нанамудааст Модари Парвин гуфт, ки бо чунин обу ранг ҳодисаи ба сари хонадон омадаро ба Мадина нақл намудам, ки дар чашмонаш ашк ҳалқа зад. Сипас аз Мадина хоҳиш намудааст, ки фардо субҳ ба хона омада, Парвинро нигоҳ кунад, чунки моро ба милиса даъват намудаанд ва ҳанўз маълум нест чанд вақт он ҷо мемонем. Субҳи рўзи дигар соати 0830 дақиқа Мадина ба хона омад. Мо нигоҳбонии Парвинро ба вай супорида, аз хона баромадем. Барои он ки шубҳаеро дар ниҳоди вай бедор накунем, танҳо баъди гузштани ду соат ба хона баргаштем. Мадина дарсро баҳона карда ҳамоно бо мо хайрухуш намуд. Пас аз рафтани вай мо ба афшонидани китобҳо сар намудем. Чӣ хеле гуфтам, дар байни ҷилди 26 – уми асарҳои Ч Дикенс забонхатро ёфтем. Ҳамсарам ҳатто бовар кардан намехост, ки забонхатро духтархолааш баргардонида, дар байни китоб мондааст. Дар он лаҳзаҳо ў ҳатто даъво кард, ки шояд аз лаҳзаи аввал ман забонхатро дар ҷилди 26 – ум гузошта будам. Ба вай фаҳмонидам, ки он рўз баъди рафтани милисаҳо ман тамоми асарҳои Чарлз Дикенсро дар ҳаҷми 30 ҷилд варақгардон намудам ва дигар коре надорам ба ҷуз нафари бегуноҳеро туҳмат намудан.
Ҳамсарам аз асп фаромада бошад ҳам, вале пой аз рикоб гирифтан намехост. Маҳз ба хотири модари Парвин ман аз нақшаи навбатии вай сар печида натавонистам.
-Хуш он чӣ нақшае буд ?
Ба хотири наафкандани соя дар болои духтархолааш ҳамсарам ҳамаи китобҳоро аз ҷевонҳо фаровард. Ҷевонҳоро бо ҳамин баҳона аз нав бо моеъи махсус тоза кард...





