Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 5

Саҳифаи 212 аз 499 · 2 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 212 аз 499 · 2 ноябри 2026

-Хеле хуб аст, ки шумо фаҳмидед, рафту ҳамин забонхатро (банда ба китоби дар дастам буда ишора намудам) ҳамон шахси медонистагиатон ва нафари ба вай ёрӣ дода ба даст гирифта бошанд, аминам изи дастонашон болои ин забонхат мондааст ва ҳамаи ин шарҳу эзоҳи махсусро талаб мекунад.
-Агар Ҷеймс Бонд ин ҷо мешуд, пеши ҳама ин андешарониҳои шумо кулоҳ аз сар мегирифт, охир ман гуфтам, ки шояд духтарчаам ҳамон рўз китобро иваз карда бошад.
-Кинояи шуморо фаҳмидам, вале аз хотир набароред, ки ман милисаам на актёр. Роҳнамои кори ман бошад, қонунаст, на режиссёр.
-Яъне, ба суханони банда боварӣ надоред?
-Аз он чӣ ки забонхатро ёфтед, ин бахти худи шумост.
Дигар ин ҳама бенизомӣ (ман бо ангуштам ба китобҳои болои фарш рўӣ ҳам чида шуда ишора намудам), аз саҳнаи тайёрнамудае беш нест.
...
-Чаро ба даҳон об гирифтед?
-Бурд бурди шумо...
-Акнун вақти он расида, ки ба суҳбати хеш ҳусни ифтитоҳ бахшем, - гӯён ман диктофони бо худ овардаамро болои миз гузошта, тугмачаи сабти овозро пахш намуда, мусоҳибамро ба суҳбати навбати ҳидоят намудам.
-Чӣ гӯям?
-Сараввал мегуфтед, ки чӣ тавр забонхати гумшуда аз як ҷилд ба ҷилди дигари китоб гузаштаст ва ин саҳнаи тайёрнамудаатон ба кадом хотир буд?
-Мо намехоҳем, ки барои як хатои ночизе болои Мадина ғубор афканем. Рафти ҳодисаҳо аслан чунин аст: Он рўз баъди рафтани шумо ман асли воқеаро барои нимаи дуюми хеш арзонӣ доштам ва ба ҳамсарам фаҳмонидам, ки агар мо он забонхати зормондаро наёбем, ҷудоии тӯлоние моро дар пеш аст, чунки бандаро дар марги нафаре гумонбар шудаанд, ки ҳамагӣ чанд моҳ пештар ман аз вай 80000 (ҳаштод ҳазор) доллар қарз гирифта будам. Чун забонхат ягона воситаи собит намудани дараҷаи бегуноҳии банда буд ва мо онро гум намудем, пас маълум мешавад, ки мо қарзашро барнагардонидаву дар маргаш манфиатдор будем.

Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 5

499 саҳифа

Аз аввал хондан