-Онро биёред!
-Забонхатро?
-Не, китобро
-Бошад.
Баъди ба даст гирифтани китоб ман оҳиста он коғази дуқатшударо кушодам ва чун ба забонхат буданаш боварӣ ҳосил намудам, онро байни ҳамон китоб гузошта гуфтам:
- Бо иҷозаи шумо китобро якҷоя бо забонхат гирифтанамон лозим меояд, вале ман ваъда медиҳам, ки китобро боз бармегардонам.
-Дар вазъе, ки ман қарор дорам, роҳи дигареро ҳам намебинам.
-Бо ҳамин шумо миссияи хешро анҷомёфта напиндоред.
-Боз чӣ?
-Боз як маротиба рафтани шумо ба милиса ҳатмист.
-То кунун фикр доред, ки ман қасд ба ҷони Солеҳ Қамар намудаам?
-Ҳамин забонхат басанда аст, ки мо ному насаби шуморо аз рўйхати гумонбаршудагони ҳодисаи мазкур хат занем.
-Пас сабаби даъвати банда ба милиса чист?
-Моро ба ҷуз гирифтани изи дастони шумо чорае нест.
-Аз рӯйхати гумонбаршудагон ному насаби бандаро хат задан мехоҳед, вале боз изи дастонамро гирифтанӣ ҳастед, ҳеҷ мақсаду мароми шуморо нафаҳмидам.
-Ин ҷо айб на дар ош , балки дар мош аст.
-Равшантар карда мақсадатонро фаҳмонед.
-Ҳамагӣ ду рўз пеш мо гуфтем, ки агар ташхиси хатшиноси забонхатро ба хати навиштаи Солеҳ Қамар мансуб донад, тафтишотро дигар ғуборе дар нисбати шумо нест, ё нагуфтем?
-Гуфтед.
-Боз гуфтем, ки шояд забонхати додаи Солеҳ Қамар боиси марги дигаре ҳам шуда бошад ва агар хотираи банда гум нашуда бошад, ман ному насаби ҳамон нафарро ҳам гуфтам.
-Не, ному насабашро нагуфтед, вале ишора ба он намудед, ки вай ҳамон иҷоранишини хонаи ман дар кӯчаи Парвин аст.

Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 5Аз аввал хондан




