-Дар кадом китоб?
-Дар ҷилди 26 – уми “Асарҳои мунтахаби Чарлз Дикенс.”
-Агар дар ёд дошта бошед, шумо на танҳо дар кадом ҷилд, балки дар байни кадом саҳифаҳо гузоштани он забонхатро баён намуда будед, вале ҳоло бандаро бовар кунониданӣ мешавед, ки...
-Инкор намекунам, вале баъзан Парвин, ҳамон духтараки шӯхе, ки шуморо муддате пушти дарвоза нигоҳ дошт, аз рўйи таъбу завқи хеш ҳамчун шӯхӣ китобҳои хондаи падарро иваз мекунад ва чун он рўз ман аз назди Солеҳ Қамар баргашта, он китобро рўӣ миз дидам, фикре ба сарам омаду он забонхатро байни саҳифаҳои 33 – 34 гузоштам...Чун ҳанўз қатораҳои сӯзишвории фиристодаам дар роҳанд, ба мақсади аз сарам дур намудани андешаҳои ботил имрўз ба тоза намудани китобҳои дар ҷевонҳо буда дасту остин барзадам.
Чун ман одати дар байни китобҳо гузоштани варақаҳои хурдҳаҷми нодирро дорам, ҳангоми тозакунии китобҳо онҳоро афшонидам ва аз байни ҷилди 26 –уми асарҳои Чарлз Дикенс нохост ҳамин варақаи забонхат ба замин афтид.
-Яъне, варақа аз байни кадом саҳифаҳо афтид, намедонед?
-Не, намедонам. Баъди афтиданаш онро бардоштам ва дидам, ки ҳамон забонхат аст. Ба чашмони хеш бовар накарда, дигарбора ба ҷилди китоби дар дастам буда нигаристам. Китоб ҷилди 26 – ум буд ва ман онро алоҳида болои китобҳо гузоштам.
-Он забонхатро ба ҷуз шумо дигар ягон кас ба даст гирифт?
-Не, ин ҳодиса ҳамагӣ ним соат пеш аз омадани шумо рух дод. Ҳатто ҳамсарам ҳам дар хона набуд ва ҳанўз ў аз ин навгонӣ огоҳ нест.
-Чун огоҳ шавад, албатта, дарду аламаш бештар хоҳад шуд, - соҳибхонаро аз оқибати ин амал огоҳ намуданӣ шуда гуфтам ман.
-Муҳимаш он, ки забонхат ёфт шуд, ба ҷанҷоли зану шавҳар бошад, ҳатто остонаи дар ҳам механдад. Аз ҳамин лиҳоз, бандаро дар ин самт ғуборе дар сар нест.
-Чӣ хубе ва акнун мегуфтед, ки ҳоло забонхат дар куҷост?
-Дар саҳифаи аввали ҷилди 26.





