Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 5

Саҳифаи 209 аз 499 · 2 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 209 аз 499 · 2 ноябри 2026

-Ҳамаи милисаҳоро ман мешиносам. Вале шумо ба онҳо монанд не.
-Наход?
-Амакҳои милиса кулоҳи зебои ситорачадор ва либоси ҳамранг ба кулоҳашон доранд...
-Парвин, бо кӣ гап зада истодаӣ, - дигарбора овоз рўшан намуд нафаре ки аллакай як маротиба ин суолро ба ҷигарбандаш дода буд.

  • Ин амак мегӯяд, ки милиса аст, вале ман медонам, ки ў милиса нест.
    -Чӣ гуфтӣ? Аз милиса?
    -Ҳа, аз милиса ва мегӯяд, ки шуморо мешиносад, вале ман ин амакро бори аввал мебинам.
    Тайи ҳамин муддате, ки духтарак нигоҳашро аз сӯй банда наканда, бо овози баланд бо падараш роз мегуфт, соҳибхона пушти дарвоза рост шуду аз сӯрохии дарвоза суроби маро дида:- Парвин ин чӣ кори кардагиат? - гуфту занҷираи ҳимоявиро аз қафасаш бурун оварда, дарвозаро кушода, маро барои даромадан ҳидоят намуд.
    -Ташаккур! - гӯён ман дубора пой ба остона гузоштам ва соҳибхона маро боз то ҳамон меҳмонхонаи саршор аз фарҳангу ҳикмат роҳнамоӣ кард. Ин даъфа дар он махзани фарҳангу ҳикмат як бенизомие ҳукмронӣ дошт. Тамоми китобҳо, рўӣ фарш болои ҳам чида шуда буданд. Соҳибхона нигоҳи суоломези бандаро дарёфт магар ки баъди ба курсӣ нишастанам гуфт: - Ба фикрам, он рўз мо беҳуда аз Мадина домонгир шудем.
    -Нафаҳмидам.
    -Духтар гуноҳе надорад, ман бошам беасос аз вай гумонбар шудам.
    -Шумо вайро дидед?
    -Не.
    -Пас чӣ тавр ба бегуноҳии вай кафолат медиҳед?
    -Чунки ман он забонхатро ёфтам.
    -Кай?
    -Ҳамагӣ ним соат пеш аз омадани шумо, бубинед, ман ҳамаи китобҳоро чаппа кардам, бехабар аз он ки забонхати Солеҳ Қамар дар китоби шафат будааст.
Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 5

499 саҳифа

Аз аввал хондан