Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 5

Саҳифаи 208 аз 499 · 2 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 208 аз 499 · 2 ноябри 2026

Чун Фурўғи Шариф тарафи техникии амалиётро (коғазбозӣ дар назар аст) ба душ гирифт, ман ҳамроҳи ваколатдори кофтукови ҷиноятӣ Ҷомии Шариф аз пайи Мадина рафтам.. Дурустараш Ҷомӣ ба Донишгоҳи миллӣ рафт ва банда боз ба назди Сайфуллоев. Моро лозим буд дар ҳузури эшон аққалан як маротиба ҳуҷраи дар кӯчаи Парвин доштаашро дида бароем.
Дар истгоҳи рў ба рўӣ прокуратура ману Ҷомии Шариф аз ҳам ҷудо шудем...
...32...
Дарвозаро ба рӯям духтараки пахмоқмӯйи нуҳ – даҳсолае кушод. Чун ҳама тоҷикони навбаромад соҳибхона баҳри бехатарии манзили хеш чораҳои зиёдеро амалӣ намуда буд.
Ба ҷуз девори баланди атрофи хона дарвозаи он ҳам аз самти дохил дар занҷир буд ва бе розигии пурраи соҳибхона ҳатто гурба ҳам аз он сурохӣ дарвоза бемалол гузашта наметавонист. Ана аз ҳамин сӯрохии касногузар духтарак калонгарона мақсаду мароми бандро пурсон шуд...
-Ман ба назди Адҳам Аҳтамович.
-Ба падарам чӣ кор доред?
-Инро беҳтар мешуд аз худашон мепурсидед.
-Парвин, бо кӣ гап зада истодаӣ? - шунидам ман овози нафареро, ки ду рўз пештар вайро дар пеши зинаҳои ҳавопаймо пешвоз гирифта будам.
-Ин ҷо ба суроғи шумо як амак омадааст, вале ман ўро бори аввал мебинам.
-Вай кӣ будааст?
-Надонам.
-Номашро напурсидед?
-Ҳозир мепурсам, гуфт мусоҳиби хурдакаки дар паси дарвоза будаам ва нигоҳи суоломезашро аз сӯрохии дар ба сӯям равона сохт.
-Гӯед, ки амак аз милиса омадааст.
-Дурўғ.
-Ин амалат чандон хуб нест,..

Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 5

499 саҳифа

Аз аввал хондан