Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 5

Саҳифаи 207 аз 499 · 2 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 207 аз 499 · 2 ноябри 2026

Афсонае, ки номи қаҳрамонаш аз хотири хонанда зудуда шуда...
Буд, - набуд...
Боз дуде аз ин оташи хомӯшшуда дар қалби хоҳар ва бародар...
Буд, набуд, вале...
Ҳангоми кофтукови намунаи хати Солеҳ Қамар мо асрореро аз муҳаббати пешин дар рўзгори эшон дарёфтем.
Дар он қасри кошӣ, ки даҳҳо мусаввараҳои зебо овезон буд, ашрофизан ҳатто поварақро аз ҳусни хати нимаи дуюми хеш ба ёдгор намонда буд, вале...
Дар манзили зане, ки Солеҳ Қамар замоне муҳаббаташро пеши по зад, мо даҳҳо нома ва навиштаҷоти эшонро дарёфтем. Зан он қадар марги собиқ шавҳарро ба дил наздик қабул карда буд, ки ҳисобаш гум...
-Агар ў зинда мемонд, албатта, рўзе ёди фарзандонаш мекард, вале афсӯс зиндагӣ ба ҷигарбандони ман вафо накард ва онҳоро умрбод аз дидори падар маҳрум кард, - бо лаби рўймолаш ашки дар бари рухсорааш ҷоришударо пок намуда истода, оҳе аз дили пурдард кашида гуфт собиқ ҳамсар. Фарзандони ҳанўз ба балоғат нарасидаи эшон низ дар нисбати падар суханони нек гуфтанд. Аслан ин худ як нишонае аз эҳтироми модар дар нисбати падарашон буд.
Шояд ин зан боре ҳам баъди ҳама ҷабру ҷафоҳои шавҳар дар назди фарзандон дар нисбаташ каломи баде ба забон наоварда буд. Нафаре, ки ба хотири муҳаббати зани ҷавон ў ва фарзандонашро партофт, ба андешаи мо ҳамеша чун соя ҳамроҳаш буд, вале...
Ашрофидухтар муҳаббати софу беолоиши мардро, ки ўро аз вартаи марг бурун овардаву ба хотири муҳаббаташ аз зан ва фарзандонаш ҷудо шуд, қадр накард...
Агар ҷавонзан қадри муҳаббати мард медонист, ҳаргиз ба вай хиёнатро раво намедид, модоме зан ба чунин амали паст даст зад пас чӣ ҷойи гила аз он, ки вай нишоне аз хати шавҳар ба ёдгор намонд...
Ману Ҷомии Шариф бо ҳама он бозёфт ба назди муфаттиш шитофтем ва ба ҷуз намунаи хатҳои овардаи мо, ки аксарашонро имзои Солеҳ Қамар “зеб” медод, муфаттиши прокуратура чун намуна имзои дар шартномаи бонкӣ гузоштаи эшонро низ ҳамроҳи қарор ба ташхисгоҳи хатшиносӣ фиристод.

Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 5

499 саҳифа

Аз аввал хондан