Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 5

Саҳифаи 206 аз 499 · 2 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 206 аз 499 · 2 ноябри 2026

-Боиси марги нафаре, ки шумо ба хотири Солеҳ Қамар ба вай калидҳои хонаи дар кӯчаи Парвин доштаатонро додед, - гӯён мо аз ҷой бархестем...
...31...
Зиндагӣ маҷмӯи бешу камист ва агар зарурияти ёфтани намунаи хати маҳрум Солеҳ Қамар ба миён намеомад, банда ҳатто ба гӯшаи хотир ҳам намеовардам, ки чунин як амали одӣ ин қадар мушкилиҳо доштааст...
Дар замоне, ки ман ҳанўз хурд будам, бобоям (илоҳо равонаш шод бод) аз зери қабати барфи нав обшуда сар задани гулҳои бойчечакро дида мегуфт: “Барои зиндаҳо баҳор шуд...” Барои зиндаҳо...
Рафту агар Солеҳ Қамар дар қайди ҳаёт мебуд, чӣ мушкилие дошт гирифтани намунаи хати вай?
-Ҳеҷ мушкилие намешуд ва мо метавонистем дар чанд шакл намунаи хати эшонро гирифта, онро ҳамроҳи нусҳаи беранги тасодуфан ба варақаи дигар гузашта, ки ба Сайфуллоев дода буд, дар асоси қарори муфаттиш ба ташхисгоҳи хатшиносӣ равона созем, вале акнун он забонхати беранг чун пули қурбашро аз даст дода дар байни ҳуҷҷатҳои муфаттиш мехобид, чунки то ҳанӯз баҳри қиёс намудани вай бо хати Солеҳ Қамар моро намунаи хати эшон дар даст набуд...
Ин ҷо бошад...
Дар манзиле, ки аз се ошёна иборат буду меҳмонхонааш чун як толори хурди варзишӣ ва дар долонҳояш даҳҳо мусаввараҳои зебо овезон, мо ҳатто як поварақеро, ки дар он намунаи хати эшон ба ёдгор монда бошад, наёфтем...
Бо амри тасодуф буд ва ё ҷаҳду талошҳои нафаре, ки аз рўзгори пешини марди бо дунёи фонӣ падруд гуфта ба ҳамсари ҷавону бевамондаи ў ҳатто нишонае чун намуна, ки ҳамчун ёддошт бо дасти шавҳар болои лисон омада бошад, ёфт нашуд.
Ҳама боз чун оғози ҳамон афсона шуд.
Афсонаи буду набуд.
Афсонае, ки оғозу анҷомаш аз кӯҳнакитоб афтода...

Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 5

499 саҳифа

Аз аввал хондан